Академик Акбар Турсон ҳам аз бемории монанд ба COVID ранҷ мебарад

Донишманди барҷастаи тоҷик, академик Акбари Турсон ҳам бештар аз як ҳафта шудааст, ки аз бемории монанд ба коронавирус ранҷ мекашанд. Дар ин бора наздикони эшон ба “Азия плюс” хабар доданд. Манбаъ гуфт, ки Акбар Турсон ҳоло дар хона муолиҷа мешаванд ва духтурон барои табобаташон ба хона омада мераванд. Яке аз наздикони Акбар Турсон гуфт, ки назар ба як […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Донишманди барҷастаи тоҷик, академик Акбари Турсон ҳам бештар аз як ҳафта шудааст, ки аз бемории монанд ба коронавирус ранҷ мекашанд. Дар ин бора наздикони эшон ба “Азия плюс” хабар доданд.

Манбаъ гуфт, ки Акбар Турсон ҳоло дар хона муолиҷа мешаванд ва духтурон барои табобаташон ба хона омада мераванд.

Яке аз наздикони Акбар Турсон гуфт, ки назар ба як ҳафта пеш, замони хуруҷи беморӣ ҳоло вазъи саломатиашон хуб аст ва ҳарорати баландашон ҳам паст шудааст, вале беҳоливу бемадорӣ то ба ҳол ҳаст.

"Аз “COVID-19” тест супоридем, хушбахтона, натиҷааш манфӣ баромад, вале нишонаҳояш ба коронавирус монанд аст, махсусан беҳолӣ ва ҳарорати баланд",-гуфт ин хешованди академик.

Моҳи октябри соли гузашта, дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ, дар ростои зодрӯзашон, академик Акбар Турсон  ба "Азия-Плюс" дар посух ба суоли бо коронавирус чӣ миёна доред, чунин посухи фалсафӣ дода буданд.

"Коронавирус – аксуламали табиат мебошад. Дар муқобили ҳаракатҳои инсон ба муқобили табиат. Инсонҳо истисмор карда, мехоҳанд табиатро зери фармони худ гиранд, лекин табиат қонунҳои худро дорад ва мо аксари он қонунҳоро намедонем".

Дар ҳамин суҳбат ин донишманди пуровоза гуфта буд, ки корҳои нотамоми зиёд дорам, ки ба онҳо банд ҳастам:

 "Имрӯзҳо навишти китоби “Ҳикмати таърихи тоҷик”-ро давом дода истодаам. Дар он мушкилиҳои зиёде ҳаст, ки бояд ҳал кард. Китоб тақдири гузашта, ҳозира ва ояндаи халқи тоҷикро дар раванди таърих дар бар мегирад. Барои ин тафаккури васеи фалсафӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайраҳо лозим аст. Баъдан худи вазъи рӯҳиву равонии тоҷикро дарбар мегирад". 

Ҳамчунин китоби дигаре навишта истодаам бо номи “Шарқзадагӣ”. Дар Эрон солҳои 50-60 китобе бо номи “Ғарбзадагӣ” нашр шуда буд. Як комунисти Эрон эрониҳоро танқид карда, масхара карда буд. Ман акнун аз назари шарқиёна навишта истодаам, ки сабаби тақлидкории мо чист, чаро мо ба дигарон тақлид мекунем? Шояд ин бархоста аз табиати инсонии мост, – гуфта буд Акбари Турсон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.