Баъди марги ҳамсар. Писари ягонаи шоир Сайдалӣ Маъмур ҳам даргузашт

Фарзони Маъмур, ягона писари Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур, имрӯз, дар синни 43-солагӣ аз олам даргузашт ва маросими намози ҷанозаи ӯ соати 13:00 баргузор шудааст. Дар ин бора наздикон ва ҳамкорони собиқаш ба “Азия плюс” хабар доданд. Фарзон Маъмур мудири собиқи ширкати “Babilon-Mobile”  буд, ки ҳоло падараш ҳам ба далели бемор будан аз марги фарзандаш хабар надорад. […]

Фарзони Маъмур, ягона писари Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур, имрӯз, дар синни 43-солагӣ аз олам даргузашт ва маросими намози ҷанозаи ӯ соати 13:00 баргузор шудааст. Дар ин бора наздикон ва ҳамкорони собиқаш ба “Азия плюс” хабар доданд.

Фарзон Маъмур мудири собиқи ширкати “Babilon-Mobile”  буд, ки ҳоло падараш ҳам ба далели бемор будан аз марги фарзандаш хабар надорад.

Дар мавриди далелҳои марги ӯ то ба ҳол маълумоти расмие дастрас нест, вале чанд рӯз пеш, 26 июни соли равон модари Фарзон ва ҳамсари шоир Саидалӣ Маъмур, бону Роҳат дар яке аз бемористонҳои Душанбе дар синни 72-солагӣ фавтида буд. Сабаби марги марҳумро сироятёбӣ ба короновирус гуфта буданд. Ҳоло тахмин зада мешавад, ки Фарзон ҳам ба ин беморӣ сироят шуда бошад. 

Сомонаи pressa.tj бо нақли қавл аз наздикони Саидалӣ Маъмур навиштааст, ки худи шоир ҳам бо гумони сироят ёфтан аз короновирус бистарӣ аст ва табибон вазъи ӯро муътадил арзёбӣ мекунанд.

– Табибон телефонӣ хоҳиш карданд, ки хабари марги фарзандашро ба шоир нагӯем, зеро ҳолаташ бад шуданаш мумкин. Вазъи худи Саидалӣ Маъмур муътадил буда, табобаташ идома дорад -гуфтааст яке аз наздикони шоир.

Шоир аз зиндагии якҷоя бо ҳамсари марҳумаш 3 писар дошт, ки ду нафари онҳо ҷавонмарг шуда, Фарзон фарзанди охирин ва ягонаи ӯ буд.

Саидалӣ Маъмур 76 сол дошта, яке аз шоирони маъруфи муосири тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ аст.

Фарзон Маъмур чанд соли охир дар ширкати “Babilon-Mobile” ба ҳайси директор фаъолият мекард. Ӯ оиладор ва соҳиби ду фарзанд- як писару як духтар буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.