Дар панҷ сол «Оши 1 ба 1» дар Тоҷикистон қариб ду баробар қимат шуд

Нархи 1 кило оши палавро дар моҳи июни соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2017 ҳисоб кардем. Бо назардошти нархи маҳсулоте, ки барои тайёр кардани “Оши 1 ба 1” истифода мешавад. Барои 1 кило палави “Оши 1 ба 1” 1 кило биринҷ, 1 кило гӯшти гов, 1,3 кило сабзӣ, 250 грамм равған, 200 […]

Мижгона Ҳалимова, махсус барои Asia-Plus

Нархи 1 кило оши палавро дар моҳи июни соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2017 ҳисоб кардем. Бо назардошти нархи маҳсулоте, ки барои тайёр кардани “Оши 1 ба 1” истифода мешавад.

Барои 1 кило палави “Оши 1 ба 1” 1 кило биринҷ, 1 кило гӯшти гов, 1,3 кило сабзӣ, 250 грамм равған, 200 грамм пиёз гирифтем. Нархи маҳсулот дар моҳи июн тайи панҷ соли охир (2017-2021) аз маълумоти Агентии омор гирифта шуд.

Ба ин тариқ, агар дар моҳи июни соли 2017 1 кило “Оши 1 ба 1” 49,2 сомонӣ нарх дошт, пас моҳи июни соли 2021 – 98 сомонӣ. Қариб 2 баробар қиматтар.

Дар ин давра сабзӣ, гӯшт ва равған аз ҳама бештар қимат шуданд:

– 1 кило сабзӣ аз 2,4 сомонӣ дар моҳи июни соли 2017 то 9 сомонӣ дар моҳи июни соли 2021;

– 1 кило гӯшт аз 34 сомонӣ дар моҳи июни соли 2017 то 63 сомонӣ дар моҳи июни соли 2021;

– 1 кило равғани растанӣ аз 11,5 сомонтӣ дар моҳи июни соли 2017 то 19 сомонӣ дар моҳи июни соли 2021.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.