“Шои мо хуш омаде”: шеърхонии духтарону кӯдакон дар пешвози раиси ноҳияи Рӯшон дар Бартанг. Аксу видео

Дар чанд акс ва видеое, ки дар саҳфаи ҳукумати ноҳияи Рӯшони ВМКБ дар Фейсбук нашр шудааст, дида мешавад, ки сокинони деҳаи Бардараи водии Бартанги ин ноҳия, раиси ноҳияро бо нону намак, суруд шеърхонӣ ва рақсу дафкӯбӣ пешвоз мегиранд.  Бино ба иттилои ҳукумати ноҳияи Рӯшон, раиси ноҳия Додхудо Фаррух барои ба баҳрабардорӣ супурдани хатти оби 220 […]

Asia-Plus

Дар чанд акс ва видеое, ки дар саҳфаи ҳукумати ноҳияи Рӯшони ВМКБ дар Фейсбук нашр шудааст, дида мешавад, ки сокинони деҳаи Бардараи водии Бартанги ин ноҳия, раиси ноҳияро бо нону намак, суруд шеърхонӣ ва рақсу дафкӯбӣ пешвоз мегиранд. 

Бино ба иттилои ҳукумати ноҳияи Рӯшон, раиси ноҳия Додхудо Фаррух барои ба баҳрабардорӣ супурдани хатти оби 220 метрӣ ба ин деҳа омадааст ва бошандагони деҳа аз раис ва ҳамроҳонаш чунин пешвоз гирифтаанд.

Дар Тоҷикистон маъмулан, зимни сафарҳои президент Эмомалӣ Раҳмон ин гуна пешвозҳои пурдабдаба  ва шеъру сурудхонӣ танзим карда мешавад. Зимни сафарҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто вилоятҳо ин гуна пешвозгириҳои ғайримаъмул, камтар ба назар мерасад. Дар гузашта  чанд мавриди ин гуна пешвоз аз раисони вилоятҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ интиқоди сахти корбаронро ба вуҷуд оварда буд.

Аммо дар виде ва аксҳое, ки аз сафари раиси Рӯшон ба Бардараи Бартанг нашр шудааст, ки дида мешавад, ки духтарони ҷавон бо либоси миллӣ ва нону намак  аз раиси ноҳия истиқбол мекунанд. Дар ин аксҳо ҳато дида мешавад, ки бархе кӯдакон ҳам дар пеши раис ва ҳайати ҳамроҳонашон рост истодаанду дар ҳоли анҷом додани ҳаракатҳое ҳастанд. 

Дар видео, ки аз ин сафар нашр шудааст, дида мешавад, ки бархе аз ҳофизони маҳаллӣ бо асбобҳои мусиқӣ, дар наздикии саргаҳи ҷойе, ки об омадааст шеъри дар Бадахшон маъруфи "Шои мо омаде, подшои мо омаде"-ро мехонанд ва раиси ноҳия дар баробари онҳо рост истодааст. 

Бино ба иттилои дарёфтӣ рӯзи 30-юми июн дар деҳаи Бардараи водии дурдасти Бартанг як хатти оби нӯшокии 220 метрӣ бо маблағгузории Раёсати Шветсария дар умури рушд ба баҳрабардорӣ супурда шудааст, ки сокинони ин деҳа аз норасоии об солҳои тӯлонӣ танқисӣ мекашидаанд. 

Дар расми ифтитоҳи ин хатти об, раиси ноҳия Рӯшон  Додхудо Фаррух, раиси Барномаи ҷонибдории ннкишофи иҷтимоии манотики Кӯҳистони Бунёди Оқохон дар ВМКБ Хуҷамёр Хумориков ширкат кардаанд.

Гуфта мешавад маблағи масрафшуда дар ин тарҳ 500818,39 сомонӣ аз ҳисоби маблағгузор ва 130676,03 саҳми ҷомеа будааст. 

Ҳамчунин бо ҳимояти Раёсати мазкур ва ҷонибдории Пружаи Оқохон чунин хати об бо дарозии умумии 14337 метр, бо маблаги 781,0066 сомони кумак ва 263,326 сомони саҳми чомеа дар дехаи Дашти Ҷамоати Бартанг низ ба баҳрабардорӣ супурда шудааст. 

Ҳукумати Рӯшон дар саҳфааш навишта, ки "сокинони ин деҳаҳо миннатдории бепоёни худро ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раёсати Шветсария, Барномаи марбутаи Бунёди Оқохон дар вилоят барои чунин ғамхориҳо баён намуданд".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.