Мададрасонон кумаки башардӯстонаро ба Тоҷикистон кам карданд

Нисбат ба моҳи апрел, моҳи май ҷумҳурӣ 1,5 тонна камтар чунин кумак гирифт. Моҳи майи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 5,6 млн доллар кумаки башардӯстона ворид гардид, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон. Ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи апрели соли равон (7,1 млн доллар) 1,5 млн доллар камтар аст. Дар маҷмӯъ, аз […]

Нисбат ба моҳи апрел, моҳи май ҷумҳурӣ 1,5 тонна камтар чунин кумак гирифт.

Моҳи майи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 5,6 млн доллар кумаки башардӯстона ворид гардид, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи апрели соли равон (7,1 млн доллар) 1,5 млн доллар камтар аст.

Дар маҷмӯъ, аз оғози соли равон Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 25,4 млн доллар кумаки башардӯстона гирифт. Дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ кумаки башардӯстона бо вазни беш аз 7,7 ҳазор тонна аз ҷониби 28 кишвари саросари дунё расонида шудааст.

Байни кишварҳои мададрасон вазни қиёсии бештар аз лиҳози арзиши кумаки башардӯстона ба Чин – 30,8%, Русия – 16,8%, Ҳиндустон – 15,7%, ИМА – 7,3%, Ҷопон – 5,7%, Ҷумҳурии Корея – 4,1%, Швейтсария ва Белгия – 2,9%-ӣ, Олмон – 2,7%, Нидерланд – 2,1%, Италия- 1,2% ва дигар кишварҳо рост меояд.

Дар инфографикаи зер маълумоти оморӣ оид ба кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон давоми солҳои 2010-2020.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.