Хушдомани Эмомалӣ Раҳмон, Узбекбӣ Асадуллоева шоми имрӯз дар синни 88-солагӣ даргузашт. Дар ин бораи Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худаш хабар медиҳад.
Радиои Озодӣ, имрӯз хабар дода буд, ки Узбекбӣ Асадуллоева бо нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Пажуҳишгоҳи гастроэнтологияи Тоҷикистон, маъруф ба “клиникаи Мансуров” бистарӣ шуда буд.
Узбекбӣ Асадуллоева модари Азизамоҳ Асадуллоева, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” буд, ки ба гуфти манбаъ як ҳафта зери назорати пизишкон қарор дошт.
Мақомот расман сабаби марги ӯро шарҳ надоданд, вале як пизишки Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Узбекбӣ Асадуллоева ба коронавирус сироят ёфта буд.
Узбекбӣ Асадуллоева, модари ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозободи пешин) буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


