Хушдомани Эмомалӣ Раҳмон дар синни 88-солагӣ даргузашт

Хушдомани Эмомалӣ Раҳмон, Узбекбӣ Асадуллоева шоми имрӯз дар синни 88-солагӣ даргузашт. Дар ин бораи Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худаш хабар медиҳад. Радиои Озодӣ, имрӯз хабар дода буд, ки Узбекбӣ Асадуллоева бо нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Пажуҳишгоҳи гастроэнтологияи Тоҷикистон, маъруф ба “клиникаи Мансуров” бистарӣ шуда буд. Узбекбӣ Асадуллоева модари Азизамоҳ Асадуллоева, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон ва […]

Хушдомани Эмомалӣ Раҳмон, Узбекбӣ Асадуллоева шоми имрӯз дар синни 88-солагӣ даргузашт. Дар ин бораи Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худаш хабар медиҳад.

Радиои Озодӣ, имрӯз хабар дода буд, ки Узбекбӣ Асадуллоева бо нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Пажуҳишгоҳи гастроэнтологияи Тоҷикистон, маъруф ба “клиникаи Мансуров” бистарӣ шуда буд.

Узбекбӣ Асадуллоева модари Азизамоҳ Асадуллоева, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” буд, ки ба гуфти манбаъ як ҳафта зери назорати пизишкон қарор дошт.

Мақомот расман сабаби марги ӯро шарҳ надоданд, вале як пизишки Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Узбекбӣ Асадуллоева ба коронавирус сироят ёфта буд.

Узбекбӣ Асадуллоева, модари ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозободи пешин) буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.