Имрӯз имтиҳонҳои воридшавӣ ба донишгоҳҳо ба охир мерасанд: 103 ҳазор довталаб

Имрӯз давраи асосии имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои миёнаи касбӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо Тоҷикистон ба охир мерасад. Дар ин бора аз Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Манбаъ гуфт, ки дар 47 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нуқтаҳои имтиҳонсупорӣ ташкил шуда, довталабон аз 1 то 7 июли соли […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Имрӯз давраи асосии имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои миёнаи касбӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо Тоҷикистон ба охир мерасад. Дар ин бора аз Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Манбаъ гуфт, ки дар 47 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нуқтаҳои имтиҳонсупорӣ ташкил шуда, довталабон аз 1 то 7 июли соли 2021 имтиҳон супориданд.

– Дар марҳалаи асосии имтиҳонҳо, 103429 нафар довталаб худро сабти ном карданд, ки аз инҳо 91504 нафарашон довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 11925 нафари дигарашон хатмкардаҳои мактаби асосӣ (синфи 9) мебошанд,-иттилоъ дод манбаъ.

Манбаъи мо гуфт, ки раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати бархат (онлайн) дар сӯйи Марказ пахш карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) 20‑уми июли соли ҷорӣ эълон мешавад.

“Азия плюс” аз яке аз нуқтаҳои имтиҳонсупорӣ, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами №71 шаҳри Панҷакент ташкил шуда буд, дидан кард.  Тибқи иттилои масъулин дар ин нуқта 3875 нафар довталаб имтиҳон супоридаанд.

Соли дуюм аст, ки дар Тоҷикистон имтиҳоноти вурудӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо дар шароити ҳамагирии вируси куруно баргузор мешаванд ва имтиҳонот таҳти шадобири шадиди беҳдоштӣ мегузаранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.