Вазъи саломатии овозхони шинохта Қурбоналӣ Раҳмон вахим шудааст

Овозхони шинохтаи тоҷик, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон бо нишонаҳои коронавирус дар муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба "Якум Советский"  бистарӣ шудааст. Наздиконаш бо нақли қавл аз пизишкон мегӯянд, вазъи саломатии овозхон вазнин аст.  Яке аз наздикони Қурбоналӣ Раҳмон гуфт, ки ӯ тайи чанд рӯзи ахир бо аломатҳои коронавирус дар […]

Овозхони шинохтаи тоҷик, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон бо нишонаҳои коронавирус дар муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба "Якум Советский"  бистарӣ шудааст.

Наздиконаш бо нақли қавл аз пизишкон мегӯянд, вазъи саломатии овозхон вазнин аст. 

Яке аз наздикони Қурбоналӣ Раҳмон гуфт, ки ӯ тайи чанд рӯзи ахир бо аломатҳои коронавирус дар хона табобат мегирифт, вале дирӯз бегоҳ (06.07.2021) баъди он ки вазъи саломатиаш вазнин шуд, ба беморхонаи "Якум Советский" бурданд ва ҳоло таҳти назорати духтурон аст.

Вахим шудани вазъи саломатии Қурбоналӣ Раҳмон дар ҳолест, ки моҳи майи соли 2018 ҳамсар ва модарарӯси мавсуф пайиҳам аз олам даргузашта буданд.

Он замон расонаҳо дар бораи сабаби пайиҳам аз дунё чашм пӯшидани модару духтар навишта буданд, ки “ҳангоми ҷонсупории модар духтараш таҳаммул карда натавониста, қалбаш аз кор мондааст.”

Қурбоналӣ Раҳмон ва ҳамсараш 5 фарзанд – ду писар ва се духтар доранд.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов соли 1954 дар деҳаи Навободи ноҳияи Восеъ ба дунё омада, соли 1977 Донишкадаи ҳунарҳои ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Қурбоналӣ Раҳмон баъди хатми донишкада ва адои хидмати ҳарбӣ чанд муддат дар мақомҳои роҳбарии Хонаи маданият ва мудири шуъбаи фарҳанги Восеъ кор кард.

Қурбоналӣ Раҳмон як замон роҳбари ансамбли "Чашма”-и ноҳияи Восеъро ба уҳда дошт. Соли 1986 Қурбоналӣ Раҳмон сазовори унвони Ҳунарпешаи шинохтаи Тоҷикистон шуд.

Қурбоналӣ Раҳмон соли 1996 ба Душанбе омад ва ду сол дар ансамбли “Дарё” кор кард. Соли 1998 Қурбоналӣ Раҳмон роҳбари ансамбли тарона ва рақси “Сомониён” таъйин шуд. Ӯ соли 2006 унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро низ ба даст овард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.