Эрон “Толибон”-ро барои гуфтугӯйи сулҳи Афғонистон ба Теҳрон даъват кардааст

Эрон як ҳайати гурӯҳи "Толибон"-ро барои музокироти сулҳи Афғонситон ба Теҳрон даъват кардааст. Қарор аст, ки ин ҳайати "Толибон" бо як гурӯҳи сиёсатмадорони Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Юнуси Қонунӣ, муовини пешини раисҷумҳури Афғонистон, ки ба Эрон сафар кардааст, дидор кунанд. Дар ин бора "Тулуънеюс" хабар медиҳад. Муҳаммад Наим, сухангӯйи ҳайати сиёсии "Толибон" дар Қатар гуфтааст, […]

Эрон як ҳайати гурӯҳи "Толибон"-ро барои музокироти сулҳи Афғонситон ба Теҳрон даъват кардааст. Қарор аст, ки ин ҳайати "Толибон" бо як гурӯҳи сиёсатмадорони Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Юнуси Қонунӣ, муовини пешини раисҷумҳури Афғонистон, ки ба Эрон сафар кардааст, дидор кунанд. Дар ин бора "Тулуънеюс" хабар медиҳад.

Муҳаммад Наим, сухангӯйи ҳайати сиёсии "Толибон" дар Қатар гуфтааст, ки Эрон як ҳайати ин гуруҳро бо раҳбарии Аббос Истоникзай, узви аршади ҳайати "Толибон"-ро аз Давҳа барои "нишастҳои дуҷониба" даъват кардааст. 

Расонаҳои Афғонситон менависанд, ки ин ҳайати Толибон дар назар аст бо Юнус Қонунӣ ва сиёсатмадорони дигари Афғонистон дидор ва гуфтугӯ кунанд. 

Аъзои дигари ҳайати Кобул, Карим Хуррам ва Иршод Аҳмадӣ аз нафарони наздик ба Ҳомид Карзай раисҷумҳури пешини Афғонистон, Салом Раҳимӣ мушовири Ашраф Ғанӣ, Зоҳир Ваҳдат намояндаи Ҳизби ваҳдати миллии Афғонистон ва Муҳаммадуллоҳ Батош, узви аршади Ҳизби ҷунбиши миллӣ бо раҳбарии Дӯстум гуфта мешаванд.

Даъвати Теҳрон барои музокирот дар ҳолест, ки дирӯз Мутлақ Қаҳтонӣ, фиристодаи вижаи Қатар барои сулҳи Афғонистон ба Кобул омадааст ва мехоҳад бо раҳбарони Афғонистон масъалаи сураъат бахшидани музокироти сулҳи ҳайати Афғонистон бо "Толибон"-ро дар Қатар баррасӣ кунад. 

Сафари Қаҳтонӣ дар шароите анҷом мешавад, ки бояд як ҳайате аз сиёсатмадорони Афғонистон бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон барои гуфтугӯ бо "Толибон" ба Қатар мерафтанд, вале бар асари ҳамлаҳои бесобиқаи "Толибон" ин сафар ба таъвиқ андохта шудааст. 

Бархе аз манбаъҳо ба Тулуънеюс гуфтаанд, ки Қатар бо таъини фиристодаи вижа барои сулҳи Афғонистон мехоҳад раванди музокироти сулҳ дар ин кишварро шитоб бибахшад. 

Ҳоло ҳарчанд талошҳо барои идома бахшидани раванди музокироти сулҳи Афғонистон дар Давҳа сурат мегирад, аммо Мустафо  Мастур, мушовири аршади Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон гуфтааст, ки ин музокирот ба бунбаст расидаанд. 

Вале ҳоло маълум нест, ки "Толибон" ҳайаташро дар чӣ замоне ба Эрон мефиристад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.