Вазорати тандурустӣ: воксингирӣ барои ҳама ҳатмист, ба ҷуз гуруҳи мушаххасе

Ба ҷуз занони ҳомиладор ва модарони ширхорадор, инчунин касоне, ки дар вақти ваксингирӣ дар онҳо коронавирус ошкор шудааст, дигар барои боқимонда шаҳрвандони синни аз 18-сола боло ваксинагирӣ ҳатмӣ аст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод. “Ин ҳатмӣ аст. Ваксинагирӣ барои […]

Ба ҷуз занони ҳомиладор ва модарони ширхорадор, инчунин касоне, ки дар вақти ваксингирӣ дар онҳо коронавирус ошкор шудааст, дигар барои боқимонда шаҳрвандони синни аз 18-сола боло ваксинагирӣ ҳатмӣ аст.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод.

“Ин ҳатмӣ аст. Ваксинагирӣ барои ҳамаи аҳолии синни аз 18-сола боло ҳатмӣ аст, ба ҷуз як гурӯҳи муайяни одамон, ки лозим нест. Инҳо занони ҳомиладор ва модарони ширхорадор мебошанд. Ба ин гурӯҳ шахсоне ҳам дохил мешаванд, ки дар давраи ваксинзанӣ аз коронавирус сироят ёфтаанд. Онҳо танҳо бо гузашти шаш моҳ ваксина мегиранд”, – гуфт ӯ.

Ситоди муқовимат бо пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон 3 июл ваксингириро ҳатмӣ эълон кард.

Шахсони синни аз 18-сола боло, ки ваксина нагирифтаанд, бояд ба табиби оилавӣ ё муассисаи тиббии маҳаллӣ муроҷииат намоянд. Ваксинагузаронӣ бепул аст.

Ба савол дар бораи ҳеҷ бемории аксуламал барои ваксинагирӣ надоштану ваксин нагирифтани шахс, Ҷаъфаров посух дод, ки “инро мо ҳал намекунем”.

“Ин масъала дар салоҳияти мо нест, лекин нисбати касоне, ки ваксин намегиранд, алҳол манъ ё маҳдудиятҳои муайян ҷорӣ нашудааст. Дар ҳама гуна ҳолат, ин шахс метавонад бемор шавад, атрофиёнаш, аз ҷумла наздикону пайвандонашро сироят кунад. Магар ҳамин худаш ҷазо нест…”, – афзуд ӯ.

То имрӯз ба Тоҷикистон ду миқдор ваксина аз коронавирус оварда шуд: 192 ҳазор воя (доза)-и ваксинаи AstraZeneca ва 300 ҳазор вояи ваксинаи Coronavac.  

Тибқи маълумоти расмии Вазорати тандурустии кишвар, то 5 июл дар маҷмӯъ зиёда аз 300 ҳазор нафар аз Covid-19 ваксина гирифтаанд, ки 97 ҳазорашон сокинони Душанбе мебошанд, лекин ҳамагӣ 18,6 ҳазор нафар аҳолии ҷумҳурӣ пурра аз ваксиназанӣ, яъне ду маротиба гузаштаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.