Ваъдаи вазири энергетика: “Ин зимистон барқ нисбат ба соли гузашта беҳтар мешавад”

Таъминоти истифодабарандгон бо барқ дар мавсими тирамоҳу зимистони имсол нисбат ба соли гузашта беҳтар мешавад, изҳор дошт вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон Далер Ҷумъа рӯзи 12 июл зимни нишасти хабарӣ. Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки ба ҳар ҳол, эҳтимоли ҷорӣ кардани баъзе маҳдудиятҳо дар истифодаи барқ дар ин давра вуҷуд дорад. “Бар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Таъминоти истифодабарандгон бо барқ дар мавсими тирамоҳу зимистони имсол нисбат ба соли гузашта беҳтар мешавад, изҳор дошт вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон Далер Ҷумъа рӯзи 12 июл зимни нишасти хабарӣ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки ба ҳар ҳол, эҳтимоли ҷорӣ кардани баъзе маҳдудиятҳо дар истифодаи барқ дар ин давра вуҷуд дорад.

“Бар асари нисбат ба солҳои пешин камшавии маҷрои об дар дарёҳои ҷумҳурӣ тайи ду соли ахир, эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудият вуҷуд дорад, лекин вазъи таъминот бо барқ нисбат ба зимистони пешина ба таври назаррас беҳтар мешавад”, – иброз дошт Ҷумъа.

Вазир изҳор дошт, ки имсол афзоиши иқтидорҳои низоми гармидиҳӣ дар пойтахт ба нақша гирифта шуда, дар натиҷа як ҳаҷми муайяни барқи иловагӣ захира мешавад.

Ғайр аз ин, гуфт ӯ, корҳои таъмиру навсозии агрегатҳои ҷудогонаи неругоҳҳои Нораку Қайроққум ва Сарбанд дар арафаи анҷомёбӣ буда, ба дарёфти иқтидори иловагӣ дар ҳаҷми 345 МВт имкон медиҳад.

Ҳамчунин ба қавли вазир, бобати коҳиши ҳаҷми талафоти техникӣ ва тиҷоратӣ корҳо роҳандозӣ шудааст.

“Бо эҳтимоли зиёд метавон гуфт, ки то охири мавсими тобистон мо аз уҳдаи пур кардани обанбори Норак мебароем”, – таъкид дошт вазири энергетика.

Лекин илова кард ӯ, бисёр чизҳо дар ин масъала ба он вобаста хоҳад буд, ки маҷрои об дар моҳҳои тирамоҳ чӣ гуна мешавад.

Ёдрас мекунем, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони гузашта ҷумҳурӣ ба камбуди шадиди барқ бар асари камобӣ дучор шуд. Дар натиҷа дар манотиқи деҳоти кишвар реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит) ҷорӣ гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.