Дипломатҳои консулгарии Русия Мазори Шарифро тарк карданд

Русия консулгарии генералии худ дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистогро таътил кард ва дипломатҳояшро ба Ӯзбекистон интиқол дод.  Дипломатҳои консулгарии Русия дар Мазори Шарифи Афғонистон, ки муваққатан дар шаҳри Хайратон кор мекарданд, ба Узбекистон бурда шуданд. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо истинод ба намояндаи Вазорати умури хориҷии Узбекистон Юсуф Кабулҷонов хабар додааст. Сафири Русия дар […]

Русия консулгарии генералии худ дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистогро таътил кард ва дипломатҳояшро ба Ӯзбекистон интиқол дод. 

Дипломатҳои консулгарии Русия дар Мазори Шарифи Афғонистон, ки муваққатан дар шаҳри Хайратон кор мекарданд, ба Узбекистон бурда шуданд. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо истинод ба намояндаи Вазорати умури хориҷии Узбекистон Юсуф Кабулҷонов хабар додааст.

Сафири Русия дар шаҳри Кобул Дмитрий Жирнов иттилоъ додааст, ки консулгарии кишвараш дар Мазори Шариф то замони "ба эътидол омадани вазъ" баста хоҳад монд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, вазъ дар худи шаҳру атрофи он ноором аст.

Мазори Шариф чаҳорумин шаҳри бузурги Афғонистон аст, ки дар шимоли вилояти Балх, дар 58-километрии шаҳри Тирмизи Узбекистон ҷойгир мебошад.

Эрон ҳам чанд рӯз пештар консулгарияшро дар ин шаҳри шимолии Афғонистон таътил карда буд. Тоҷикистон ҳам дар ин шаҳр консулгарии худро дорад, аммо дар мавриди идомаи кори он то кунун чизе нагуфтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.