Дар Душанбе нишасти Гурӯҳи тамоси СҲШ-Афғонистон баргузор мешавад

Рӯзҳои 13-14 июл дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) доир мегардад. Чанде пеш барои иштирок дар ин ҷаласа Дабири кулли Созмон Владимир Норов ба Душанбе омад. Ба ҷуз иштирок дар ҷаласа дидору гуфтушуниди Норов бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар назар аст. Вазири […]

Рӯзҳои 13-14 июл дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) доир мегардад.

Чанде пеш барои иштирок дар ин ҷаласа Дабири кулли Созмон Владимир Норов ба Душанбе омад.

Ба ҷуз иштирок дар ҷаласа дидору гуфтушуниди Норов бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар назар аст.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров низ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар Душанбе иштирок мекунад.

Дар сомонаи Вазорати корҳои хорҷии Русия дар ин бора хабари марбута нашр шудааст. ВКХ Русия хабар медиҳад, ки рӯзи дуюм инчунин вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ ва намояндагони Афғонистон дар чаҳорчӯби Гурӯҳи тамоси “СҲШ-Афғонистон” баргузор мешавад.

ВКХ Тоҷикистон дар бораи вохӯрии вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 12 июл бо ҳамтои худ аз Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ амалисозии тавофуқоти роҳбарони ду кишвар, вазъи амнияти минтақавӣ, ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимнан ҷонибҳо бар зарурати тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмӣ-техникии ду кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва энергетика, аз ҷумла амалисозии лоиҳаи CASA-1000 таъкид карданд.

Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ дар нишасти навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ ва нахустин нишасти Гурӯҳи тамоси СҲШ-Афғонистон, ки 14 июли 2021 дар сатҳи вазирон дар Душанбе доир мешавад, иштирок хоҳад кард.

Вазорат ҳамчунин дар бораи вохӯрии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо муовини сиёсии вазири корҳои хориҷии Афғонистон Мирвайс Ноб иттилоъ медиҳад. Зимни вохӯрӣ зикр шуд, ки вазири корҳои хориҷии Афғонистон низ дар нахустин нишасти Гурӯҳи тамоси СҲШ-Афғонистон ширкат хоҳад варзид.

Айни замон раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай ба уҳдаи Тоҷикистон аст. Фаъолияти муштарак дар доираи СҲШ таҳти рамзи 20-солагии таъсиси созмон ҷараён мегирад.

Дар ҷаласаи Душанбе баррасии асноди зиёде ба нақша гирифта шудааст, ки қариб ҳамаи масоили ҳамкории бисёрҷанбаро фаро мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.