Боз ваъда доданд:, Корхонаи сементро аз Душанбе берун мебароранд

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ҳаворо бештар на партовҳои корхонаи истеҳсоли семенит, балки нақлиёт ифлос мекунад.  “Ҳавои Душанберо на корхонаи истеҳсоли семент, балки бештар нақлиёт ифлос мекунад. 60 дар сади партовҳои маводи ифлоскунанда ба нақлиёт рост меояд. Дар ҷойи дуюми ифлоскунандаҳо тӯфони чангу ғубор аз Афғонистон қарор дорад. Корхонаи истеҳсоли семент ҳамагӣ бо 20 […]

Asia-Plus

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ҳаворо бештар на партовҳои корхонаи истеҳсоли семенит, балки нақлиёт ифлос мекунад. 

“Ҳавои Душанберо на корхонаи истеҳсоли семент, балки бештар нақлиёт ифлос мекунад. 60 дар сади партовҳои маводи ифлоскунанда ба нақлиёт рост меояд. Дар ҷойи дуюми ифлоскунандаҳо тӯфони чангу ғубор аз Афғонистон қарор дорад. Корхонаи истеҳсоли семент ҳамагӣ бо 20 фоиз аз иқтидори лоиҳавиаш кор мекунад. Чанде пеш дар он ба маблағи 780 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти нави чангу ғуборгир насб карданд. Давра ба давра корхона ба минтақаи дигар мекӯчад. Ҳозири қаламрав интихоб шуда истодааст”, – изҳор дошт имрӯз дар нишасти матбуотӣ сардори шуъбаи ҳифзи ҳавои атмосферии Кумитаи ҳифзи муҳити зист Саидисмон Судуров.

Соли дуюм инҷониб месозанд

Моҳи сентябри соли 2020 ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ки корҳо оид ба сохтмони корхонаи нави истеҳсоли семент (дар қаламрави ноҳияи Варзоб, каме дуртар аз корхонаи амалкунанда) аллакай оғоз шудааст. Иқтидори он истеҳсоли 1,2 млн тонна семент дар як солро ташкил медиҳад.

Созишномаи сармоягузорӣ дар ин бора байни ҳукумат ва ҶСП “Сементи тоҷик” соли 2019 ба имзо расид. Арзиши сохтмони корхона 100 млн долларро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби сармоягузорони Чин пешниҳод мегардад.

Тибқи маълумоти Радиои Озодӣ бошад, корхонаро ширкати “Фароз” месозад.

Майдони умумии корхона 33 гектарро фаро гирифта, дар 15 гектари он хати истеҳсолӣ ва 10 коргоҳи асосӣ ва 2 коргоҳи ёридиҳанда, дар 17 гектари боқимондаи он анбори ашёи хом, маҳсулоти тайёр, озмоишгоҳ, истгоҳ барои нақлиёт, коргоҳи таъмирӣ, бинои маъмурӣ ва дигар иншоот ҷойгир мешаванд.

Дар назар аст, ки корҳои сохтмон ва насби таҷҳизот дар корхона 2,6 сол давом мекунанд.

Ҳаво боз аз чиҳо ифлос мешавад?

Ба ин тариқ, бино ба маълумоти экологҳо, то 80 фоизи партовҳо ба атмосфера ба ҳиссаи нақлиёти автомобилӣ рост меояд.

Саидусмон Судуров зимни нишасти матбуотии ҷамъбасти фаъолият дар соли 2020 изҳор дошта буд, ки ҳамасола тақрибан 344 ҳазор тонна чанг ва дигар маводи ифлоскунандаи ҳаво, бахусус аз автомашинаҳо ба атмосфера партов мешаванд.

Барои пешгирии ифлосшавии ҳаво дар Душанбе автомашинаҳои боркаше, ки беш аз 6 тонна бор мекашонанд, аз соати 21:00 то 5:00 дар кӯчаҳои Душанбе равуо карда метавонанд.

Ғайр аз ин, ба ронандагони автомашинаҳои боркаш, ки дар сохтмонҳои Душанбе кор мекунанд, иҷозатномаи махсуси шаҳрдории пойтахт дода мешавад.

Бо дастури раиси шаҳри Душанбе аз 1 январи соли 2021 вуруди нақлиёти мусофирбар ба пойтахт аз минтақаҳо манъ аст. Лекин ин манъкунӣ ҳоло амал намекунад. Дар натиҷа ифлоскунии ҳавои пойтахт аз ҷониби техникаи сохтмон ва нақлиёти мусофирбар идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.