Толибон дар Шерхон-Бандар раводиди Афғонистон барои ронандаҳои тоҷикро бекор кардаанд

Гуруҳи “Толибон” дар гузаргоҳи тиҷоративу гумрукии Шерхон-Бандар режими раводид ё доштани визаи Афғонистонро барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ба вижа барои ронандаҳои мошинҳои боркашро бекор кардаанд. Дар ин бора ба Азия-Плюс яке аз ронандаҳои мошинҳои боркаши Тоҷикистон хабар дод. Ба гуфтаи ин ронанда, ки нахост номаш бурда шавад, ҳоло марз дар Шерхон-Бандар боз аст ва Толибон барои […]

Asia-Plus

Гуруҳи “Толибон” дар гузаргоҳи тиҷоративу гумрукии Шерхон-Бандар режими раводид ё доштани визаи Афғонистонро барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ба вижа барои ронандаҳои мошинҳои боркашро бекор кардаанд.

Дар ин бора ба Азия-Плюс яке аз ронандаҳои мошинҳои боркаши Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи ин ронанда, ки нахост номаш бурда шавад, ҳоло марз дар Шерхон-Бандар боз аст ва Толибон барои рафту омад кадом мушкиле пеш намеоранд.

“Толибон доштани визаи Афғонистонро барои мо бекор карданд. Ҳамчунин пештар вақте мо дохили Афғонистон мешудам як нав ришвае бо номи “хокпулӣ”, ки тақрибан 200 доллар мешуд аз мо мегирифтанд, ки ҳоло ин ҳам бекор шудааст. Ба ҷуз ин, мо вақте аз шерхон-Бандар мегузаштем то 1000 сомонии дигар масраф доштем, ин ҳам азмиён бардошта шудааст. Ҳоло танҳо 60 сомонӣ барои нафароне, ки боркашӣ мекунанд медиҳему халос”,-мегӯяд ин ронанда.

Бекор кардани раводид аз сӯйи Толибон дар ҳолест, ки Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон баъди суқути Шерхон-Бандар ба дасти Толибон додани раводидро барои ронандаҳои тоҷик муваққатат қатъ кардааст. Як манбаъ аз Сафорати Афғонистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки то як замони муайян мо аз додани раводид худдорӣ мекунем.

То кунун гуруҳи "Толибон" ба таври расмӣ дар бораи бекор карлани раводид баёния ё изҳороте нашр накардаанд, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ намояндаҳои ин гуруҳ видеоҳоеро нашр кардаанд, ки дар он аз боз будани гузаргоҳ суҳбат мекунанд ва мегӯянд, ки барои рафту омад ҳеч мушкиле нест. 

Дар мавриди боз будани гузаргоҳи тиҷоративу гумрукии Шерхон-Бандар мақомоти Тоҷикистон то кунун изҳори назар накардаанд.

Аммо ронандаи манбаи “Азия-Плюс” мегӯяд, ки ӯ баъди ғасби Шерхон-Бандар аз сӯйи Толибон, тақрибан 10 рӯз пеш рафта буд ва аз он ҷо ба Тоҷикистон шакар овард.

Ин ронанда мегӯяд, ки аз Тоҷикистон дар ҳоли озир семент мебаранд ва аз он ҷо маҳсулоте, ки дар анборҳо бошад гирифта меоранд.

“Мо аз он ҷо мева, сабзавот, хусусан сабзӣ ва шакар меовардем. Ҳозир анборҳо холӣ шудааст. Чун дар минтақаҳое, ки дар дасти давлати Афғонистон аст, намегузоранд, ки маҳсулот ба Шерхон-Бандар оварда шавад. Аммо барои ба хоки Афғонистон ворид шудан мушкиле нест ва ҳатто мегузоранд, ки ба Кундузу Балху ҳатто Кобул биравем”.

Ҳамчунин Аҷмал Кокар, хабарнигори хабаргузории “Пажвок” дар вилояти Кундуз, ки Шерхон-Бандар марбути ин вилоят аст, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки гузаргоҳ боз аст ва сементи Тоҷикистон бемушкил вориди Афғонистон шуда истодааст.

Ёдовар мешавем, гуруҳи Толибон рӯзи 22-юми июн гузаргоҳи Шерхон-Бандарро, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон қарор дорад, ғасб карданд ва бар пайи ҳамлаи онҳо бештар аз 100 низомиву шаҳрванди Афғонистон ба Тоҷикистон фирор карда буданд. Ҳоло ҳам ин гузаргоҳи муҳим дар дасти “Толибон” қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.