Шерхон Бандар – гузаргоҳи муҳими гумрукиву тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон ба дасти “Толибон” афтод

Гузаргоҳи гумрукиву тиҷоратии Шерхон-Бандар миёни Тоҷикистону -Афғонистон ба дасти Толибон афтодааст. Дар ин бора Аҷмал Кокар, хабарнигори хабаргузории "Пажвок"-и Афғонистон ба "Азия-Плюс" хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, "Толибон" чанд соат пеш Шерхон Бандарро суқут додаанд ва бархе аз неруҳои давлатии Афғонистон ба дасти "Толибон" таслим шуда ва бархеи дигар аз ин неруҳои давлатӣ ба […]

Гузаргоҳи гумрукиву тиҷоратии Шерхон-Бандар миёни Тоҷикистону -Афғонистон ба дасти Толибон афтодааст. Дар ин бора Аҷмал Кокар, хабарнигори хабаргузории "Пажвок"-и Афғонистон ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, "Толибон" чанд соат пеш Шерхон Бандарро суқут додаанд ва бархе аз неруҳои давлатии Афғонистон ба дасти "Толибон" таслим шуда ва бархеи дигар аз ин неруҳои давлатӣ ба ҷониби Тоҷикистон паноҳ овардаанд. Гуфта мешавад, дар миёни паноҳовардаҳои ҷониби Афғонистон бархе аз мақомдорони маҳаллӣ низ ҳастанд. 

Ба гуфтаи манбаъ, раёсати гумруки Шерхон-Бандар бидуни даргирӣ ба дасти "Толибон" афтодааст.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар ин маврид расман чизе нагуфтааст. Талошҳои "Азия-Плюс" барои ба даст овардани нуқтаи назари мақомоти Тоҷикистон то замони нашри ин хабар натиҷа надод. 

Шерхон Бандар як гузаргоҳи муҳими тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон аст, ки воридоти гумрукии Тоҷикистон аз кишварҳои ҷануб ва ҷанубу шарқи Осиё, аз ҷумла Покистону Эрон тавассути ҳамин гузаргоҳ ворид мешаванд.

Ин гузаргоҳ дар нуқтаи марзӣ, миёни ноҳияи Панҷи вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вулусволии Имом Соҳиби вилояти Кундузи Афғонистон ҷойгир аст. Худи вулусволии Имом Соҳиб, дирӯз ба дасти "Толибон" суқут карда буд. 

Ба гуфтаи Аҷмал Кокар дар ҳоли ҳозир тамоми рафтуомад тариқи ин гузаргоҳи тиҷоративу гумрукӣ қатъ шудааст ва ҷангҳо дар давру бари шаҳри Кундуз идома дорад ва ин шаҳр дар муҳосираи ин гуруҳ қарор дорад.

Дирӯз бархе аз масъулини Шерхон Бандар ба ҳукумати марказии Афғонситон аз хатари суқути ин гузаргоҳи муҳим ҳушдор дода буданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.