Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ 16-17 сентябр дар Душанбе доир мегардад

Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) рӯзҳои 16-17 сентябр дар Душанбе доир мегардад. Ҷараёни омодагӣ ба онро рӯзи 12 июл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Дабири куллии СҲШ Владимир Норов баррасӣ карданд. Дабири кулли Созмон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе қарор дорад. […]

Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) рӯзҳои 16-17 сентябр дар Душанбе доир мегардад. Ҷараёни омодагӣ ба онро рӯзи 12 июл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Дабири куллии СҲШ Владимир Норов баррасӣ карданд.

Дабири кулли Созмон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе қарор дорад.

Ба ҷуз рафти омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо, ҷонибҳо инчунин дигар масоили муҳиму рӯзмарраро баррасӣ карданд, хабар медиҳад департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ баргузор мешавад. Дар доираи иштирок дар кори ҷаласа дидору гуфтушуниди Владимир Норов бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.