Дар Тоҷикистон саршумори ҳайвоноти нодири ваҳшӣ зиёд мешавад

Саршумори ҳайвоноти нодири ваҳшӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо соли гузашта аз 7,9 то ба 25 фоиз зиёд шуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 июл раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода хабар дод. Бино ба маълумоти Кумита, бо мақсади ҳифзу нигаҳдории навъҳои нодири ҳайвонот тадбирҳои муҳофизати онҳо рӯйи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Саршумори ҳайвоноти нодири ваҳшӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо соли гузашта аз 7,9 то ба 25 фоиз зиёд шуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 июл раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода хабар дод.

Бино ба маълумоти Кумита, бо мақсади ҳифзу нигаҳдории навъҳои нодири ҳайвонот тадбирҳои муҳофизати онҳо рӯйи даст гирифта мешаванд.

Ҷиҳати таъмини ҳифзу нигаҳдории олами ҳайвоноти нодир зиёда аз 13 ҳазору 230 сар гӯсфанди кӯҳии помирии “Марко Поло”, 811 сар бузи пармашох, 434 сар гавазни бухороӣ, 414 сар гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, 560 сар хирси маллаи тиёншонӣ, 156 сар бабри барфӣ, 185 сар силовсини туркистонӣ, 2086 сар тазарви тоҷикӣ, 2869 сар мурғи ҳилол ва дигар намудҳои олами прандагон, обхокиҳо ҳифзу нигаҳдорӣ карда мешавад.

Дар мавсими солҳои 2020-2021 бар асари пандемия Тоҷикистон квотаҳои шикори ҳайвонотро ба таври пурра истифода бурда натавонист, зеро сайёҳони шикорчӣ кам буданд.

Масалан, аз 105 квота ба Марко Поло ҳамагӣ 68, аз 13 квота ба бузи пармашох – 12 ва аз 12 квота ба гӯсфанди кӯҳии бухороӣ – 11 квота истифода шуд.

Арзиши шикор ба ҳайвоноӣти нодир ба навъи онҳо вобаста аст. Аз ҷумла шикор ба гӯсфанди “Марко Поло” 55 ҳазор сомонӣ, бузи пармашох – 337,8 ҳазор сомонӣ, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ – 28,1 ҳазор сомонӣ ва хирси маллаи тиёншонӣ – 10,8 ҳазор сомонӣ нарх дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.