Донишҷӯёни дар “маршировка” иштирокдоштаро дастаҷамъона ваксин заданд

“Қисмате аз донишҷӯёне, ки дар раҳпаймоӣ ё худ маршировка ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иштирок мекунанд, ба таври ҳатмӣ ваксина гирифтанд. Тадриҷан ҳамаи иштирокчиёни ин чорабинӣ – 15 ҳазор нафар донишҷӯён ваксина зада мешаванд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён. Ба гуфтаи ӯ, то дирӯз 6 ҳазору 595 нафар […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

“Қисмате аз донишҷӯёне, ки дар раҳпаймоӣ ё худ маршировка ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иштирок мекунанд, ба таври ҳатмӣ ваксина гирифтанд. Тадриҷан ҳамаи иштирокчиёни ин чорабинӣ – 15 ҳазор нафар донишҷӯён ваксина зада мешаванд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён.

Ба гуфтаи ӯ, то дирӯз 6 ҳазору 595 нафар донишҷӯёне, ки ҳозир дар маршировка иштирок мкунанд, ваксин гирифтаанд.

“Маршировкаҳо бо шумори маҳдуд гузашта, ба наздикӣ донишҷӯёни боқимонда ба он ҳамроҳ мешаванд. Давра ба давра пас аз гирифтани ваксина ҳамаи онҳо ба чорабинӣ ҳамроҳ мешаванд. Ин корҳо барои бехатарии онҳо ба сомон расонида мешавад”, – иброз дошт ӯ.

Шоҳиён зикр кард, ки пас аз гирифтани ваксина шумори донишҷӯёне, ки дар чорабинӣ иштирок мекунанд, ба 15 ҳазор нафар мерасад.

Ёдрас мекунем, ки ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар якчанд қисмати шаҳр тамринҳои раҳпаймоии идона мегузаранд.

Сарфи назар аз мавҷи дуюми коронавирус, чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашн бекор нашуд.

Муовини аввали вазири фарҳанг ва яке аз масъулони ташкил ва баргузории раҳпаймоиҳои идона дар Тоҷикистон Обидҷон Назариён ба “Азия-Плюс” изҳор намуда буд, ки қарор дар бораи бекор кардани “маршировкаҳо” ҳоло қабул нашудааст.

Аввали ҳамин моҳ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус ва Вазорати тандурустӣ дастур дод, ки масъалаи ваксиназанӣ ва риояи қатъии масофаи иҷтимоиро зери назорат гиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.