Коронавирус дар Тоҷикистон: шумори сироятёфтагон ба 14 ҳазор нафар расид

Date:

То шоми 15 июл тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумори фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон 1 нафар афзуда, ба 110 нафар расид.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 14 ҳазор нафар расида, давоми як шабонарӯз теъдоди онҳо 42 нафар зиёд шуд.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 631  нафар ё худ 97,4%-ро ташкил медиҳад. Давоми як шабонарӯз 31 нафар шифо ёфтаанд.

Роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус чанде пеш хабар дод, ки дар ҷаҳон мавҷи сеюми пандемияи коронавирус оғоз мегардад ва таҳрикдиҳандаи асосии он паҳншавии делта-штамми он (ҳиндӣ) аст, ки аллакай дар 111 кишвари дунё ба қайд гирифта шудааст.

“Тақимоти ваксина байни кишварҳо нобаробар аст, – таъкид доштааст ӯ. – Ман ба ваксинзании оммавии ҳадди ақалл 10% аҳолии ҳар як кишвар то моҳи сентябр, ҳадди ақалл 40% – то охири ҳамин сол ва ҳадди ақалл 70% – то нимаи соли оянда даъват мекунам”.

Тибқи маълумоти ин Созмон, то ин дам дар саросари дунё 187,5 млн ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус сабт шуда, 4 млн нафар аз ин беморӣ фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...