Коронавирус дар Тоҷикистон: шумори сироятёфтагон ба 14 ҳазор нафар расид

То шоми 15 июл тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумори фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон 1 нафар афзуда, ба 110 нафар расид. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 14 ҳазор нафар расида, давоми як шабонарӯз теъдоди онҳо 42 нафар зиёд шуд. Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 […]

То шоми 15 июл тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумори фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон 1 нафар афзуда, ба 110 нафар расид.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 14 ҳазор нафар расида, давоми як шабонарӯз теъдоди онҳо 42 нафар зиёд шуд.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 631  нафар ё худ 97,4%-ро ташкил медиҳад. Давоми як шабонарӯз 31 нафар шифо ёфтаанд.

Роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус чанде пеш хабар дод, ки дар ҷаҳон мавҷи сеюми пандемияи коронавирус оғоз мегардад ва таҳрикдиҳандаи асосии он паҳншавии делта-штамми он (ҳиндӣ) аст, ки аллакай дар 111 кишвари дунё ба қайд гирифта шудааст.

“Тақимоти ваксина байни кишварҳо нобаробар аст, – таъкид доштааст ӯ. – Ман ба ваксинзании оммавии ҳадди ақалл 10% аҳолии ҳар як кишвар то моҳи сентябр, ҳадди ақалл 40% – то охири ҳамин сол ва ҳадди ақалл 70% – то нимаи соли оянда даъват мекунам”.

Тибқи маълумоти ин Созмон, то ин дам дар саросари дунё 187,5 млн ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус сабт шуда, 4 млн нафар аз ин беморӣ фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.