Барои “гӯри урани Табошар” 2 миллион доллар лозим аст. Русия гуфтааст ин маблағро медиҳад

Русия барои безараргардонии партовгоҳи урани шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) ба Тоҷикистон 2 миллион доллар маблағ медиҳад. Дар атрофи ин шаҳр панҷ партовгоҳи радиоактив ва кони хароби уран аз Шӯравӣ ба Истиқлоли имрӯза ба мерос мондааст ва дар назар аст имсол корҳои безараргардонии он оғоз шавад. Дар ин бора Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Истиқлол зимни нишасти хабарӣ […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Русия барои безараргардонии партовгоҳи урани шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) ба Тоҷикистон 2 миллион доллар маблағ медиҳад. Дар атрофи ин шаҳр панҷ партовгоҳи радиоактив ва кони хароби уран аз Шӯравӣ ба Истиқлоли имрӯза ба мерос мондааст ва дар назар аст имсол корҳои безараргардонии он оғоз шавад.

Дар ин бора Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Истиқлол зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод ва гуфт ҳамаи расмиёти лоиҳасозиву шартномабандӣ анҷом ёфт ва танҳо марҳилаи маблағгузорӣ боқӣ мондааст. Вай афзуд лоиҳаи безарарсозии партовгоҳи уранро "Росатом"-и Русия дар муштаракан бо Тоҷикистон мехоҳад амалӣ кунад, аммо дар бахши маблағгузорӣ пандемияи коронавирус далели ба таъхир афтодани амалигардии лоиҳа шудааст.

Лоиҳа аз ҷониби корхонаи фулузоти нодири шаҳри Бӯстон амалӣ карда мешавад. Лоиҳа ҳаст,  шартномаҳо баста шудаанд фақат маблағгузорӣ ва омодагӣ ба оғози кор боқӣ монд. Баъзе корҳое, ки бо инфрасохтор вобаста аст, шояд зарурат пеш меояд, ки як мактабро муваққатан кӯчонем, барои бунёди роҳ дар он ҷо, ки ду пули мошингузар дорем барои таъмиру таҷдиди он ёрмандии ҳукумати шаҳр ва сохторҳои он низ барои амалӣ кардани лоиҳа лозим аст.

Зоҳидзода мегӯяд, дар назар аст корҳои безараргардонӣ дар партовгоҳҳои радиоактив то анҷоми ин сол оғоз гарданд.

Дар атрофи шаҳри Истиқлол панҷ анбори партовҳои радиоактив ва кони хароби уран мавҷуд аст ва дар он даҳҳо миллион тонна партов нуҳуфтааст. Ҳарчанд қисме аз партовгоҳ бо деворҳои махсус пеҷонида шудааст, вале то кунун ин мероси Шӯравӣ рӯйпӯш нашудааст ва дар наздикии он, ки аз маркази шаҳр дар даҳҳо километр дурӣ дар баландӣ хобидааст меъёри радиатсия баланд аст. 

Аммо пизишкони шаҳри Истиқлол мегӯянд, таъсири радиатсия дар маркази шаҳр зери назорат буда ба саломатӣ начандон зиёновар аст.

Даврон Зоҳидзода гуфт, идораи ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи муҳити зист пайваста мониторинг мегузаронанд ва дар он ҷойҳое, ки мардум зиндагӣ мекунанд радиатсия баланд нест. Лекин дар назди партовгоҳҳо радиатсия аз меъёрҳое, ки муайян шудааст хело баланд аст, – мегӯяд ӯ. 

“Аломатгузорию корҳои бехатаргардониро мо карда истодаем ва дар ҳолати фаъол гардидани лоиҳа рекултиватсияи худи партовгоҳҳо ва иҳота кардани гирду атрофи он анҷом меёбад ва  ҳатман барои беҳтар гардидани фони радиомагнитӣ дар шаҳр мусоидат мекунад”.

Ин шаҳр дар оғози солҳои 1940 бунёд шуда ва гуфта мешавад аз урани собиқ Табошар дар сохтусози нахустин бомбаи атомии ИҶШС истифода шудааст.

Қаблан мутахассисони созмонҳои ҷаҳонӣ аз макони партовгоҳи радиоактив дидан карда аз зарурати ҳарчи зудтар безараргардонии он гуфта буданд. Ба хулосаи онҳо дар маҳалли партовгоҳ меъёри шуои радиоактив ҳудуди 3 ҳазор микрорентген дар як соатро ташкил медиҳад, ки аз меъёри муқаррарӣ бамаротиб зиёд аст. 

Дар вилояти Суғд 10 партовгоҳи радиатсионӣ мавҷуд аст, ки бино ба омори расмӣ дар онҳо ҳудуди 55 миллион тонна моддаҳои дорои радиоактив гӯронида шудааст.

Аммо партовгоҳҳои Истиқлол то кунун ба рӯйпӯш нашудааст ва ҳамакнун ҳукумати ин шаҳр интизор аст, ки бо сармоягузории хориҷӣ ба безарар гардонидани “қабристони уран” эҳтимол мушарраф шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.