Раёсати маорифи Душанбе: Ҳамаи омӯзгорони пойтахт ваксина гирифтанд

Дар Душанбе қариб ҳамаи омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ пурра ваксина гирифтанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати маорифи пойтахт. Воя (доза)-и якумро муалимон ҳануз давоми моҳҳои апрел-май ва вояи дуюмро моҳҳои июн-июл гирифтанд. «16 ҳазору 290 нафар омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ваксина гирифтанд, ки […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар Душанбе қариб ҳамаи омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ пурра ваксина гирифтанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати маорифи пойтахт.

Воя (доза)-и якумро муалимон ҳануз давоми моҳҳои апрел-май ва вояи дуюмро моҳҳои июн-июл гирифтанд.

«16 ҳазору 290 нафар омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ваксина гирифтанд, ки 92,3% аз шумори умумиро ташкил медиҳад. Танҳо он омӯзгорон ва кормандоне боқӣ монданд, ки бо тавсияи табибон ба онҳо ҳоло ваксина гузаронидан мумкин нест”, – гуфт Асомиддин Бобозода, мудири шӯъбаи муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Раёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Ба гуфтаи номбурда, дар ҷараёни ваксинзанӣ байни омӯзгорони шаҳр ягон мушкилие вуҷуд надошт.

"Аз он хурсандем, ки омӯзгорон ба ин чорабинӣ хеле масъулиятшиносона муносибат карданд ва ягон ҳолате набуд, ки кадоме аз онҳо аз ваксиназанӣ даст кашида бошад", – иброз дошт Бобозода.

Маъракаи эмгузаронӣ зидди коронавирус дар Тоҷикистон аз 23 март оғоз шуда, аз 3 июл он барои ҳамаи шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ эълон шудааст.

Айни замон дар Тоҷикистон се ваксинаи зидди коронавирус дастрас аст: Moderna, AstraZeneca ва CoronaVac.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.