Тоҷикистон аз САҲА даъват кард, ки дар чорабиниҳояш ба иштироки шахсони ҷиноятпеша роҳ надиҳад

Дар доираи сафари корӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар Австрия бо Директори Маркази пешгирии низоъҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) – ҳамзамон муовини роҳбари Котиботи САҲА хонум Туула Юреля ва роҳбари Раёсати хатарҳои фаромиллии ниҳоди мазкур хонум Елена Купчина дидору гуфтушунид анҷом дод. Бино ба иттилои маркази […]

Asia-Plus

Дар доираи сафари корӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар Австрия бо Директори Маркази пешгирии низоъҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) – ҳамзамон муовини роҳбари Котиботи САҲА хонум Туула Юреля ва роҳбари Раёсати хатарҳои фаромиллии ниҳоди мазкур хонум Елена Купчина дидору гуфтушунид анҷом дод.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, дар рафти мулоқот вазъи кунунии татбиқи барномаҳои САҲА дар ченакҳои ҳарбӣ-сиёсӣ ва инсонӣ баррасӣ гардида, дастгирии САҲА дар татбиқи муштараки Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ва дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва чорабиниҳои мушаххаси он таъкид гардид.

Зимни суҳбат Юсуф Раҳмон аз САҲА даъват намуд, ки дар чорабиниҳояш ба иштироки шахсони ҷиноятпеша роҳ надиҳад.

Дар бораи маҳз дар бораи кадом шахсон сухан рафтан ва чӣ посухе додани намояндагони САҲА ба ин даъват маълумот дода намешавад. Лекин қаблан Тоҷикистон аз иштироки намояндагони Ҳизби фаъолияташ дар ҷумҳурӣ манъшудаи наҳзати исломӣ  ва “Гурӯҳи 24” дар ҷаласаҳои САҲА изҳори норозигӣ карда буд.

Ҳамзамон дар рафти мулоқот вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои аъзои САҲА ва берун аз он, муқовимат ба терроризм ва маблағгузории он, мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, мусоидат дар рушди инфрасохторӣ ва зеҳнии кормандони мақомоти прокуратура ва дигар масъалаҳои мубрами боиси таваҷҷуҳи якдигар таҳти баррасӣ қарор дода шуданд.

Ба мувофиқа расида шуд, ки дар ояндаи наздик сафари корӣ ва тахассусии роҳбарияти САҲА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт.

Дар Австрия Юсуф Раҳмон инчунин бо роҳбари Дафтари СММ дар Вена – раиси Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва ҳамзамон муовини Дабири кулли СММ Ғода Фатҳӣ Валӣ гуфтушунид кард.

Дар мулоқот вазъи амниятии Афғонистони ҳамсоякишвар, хатару чолишҳои вобаста ба муташанниҷ шудани вазъ дар ин кишвар ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон, зарурати пурзӯр намудани муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, муқовимат ба терроризм, мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, мубориза бо коррупсия ва ғайра баррасӣ шуданд.

Хонум Ғода Фатҳӣ Валӣ махсусан иброз дошт, ки барномаҳои татбиқшаванда ва лоиҳаҳои нави Раёсат дар Осиёи Марказӣ бо нигоҳ ба маълумоти дастрасгардида ва бо инобати хатару чолишҳои имрӯза бознигарӣ карда мешаванд.

Дар ин замина сафари коршиносони аршади Раёсат ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта мешавад.

Юсуф Раҳмон дар Австрия боз як қатор дидору гуфтушунидҳо анҷом дода, дар ҷараёни онҳо масоили таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд аз ҷониби Тоҷикистон дар доираи шартномаҳои давлатии СММ, истирдоди шахсони мавриди пайгарди байнулмилаӣ қарордошта ва хатари онҳо барои давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, кумаки ҳуқуқӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар масъулаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.