Корманди Прокуратураи генералии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳмонзода рӯзи 9 август дар манзили шахсиаш дар синни 51-солагӣ аз олам даргузашт.
Бино ба гуфтаи пайвандону наздикони марҳум, қариб як моҳ инҷониб ӯ дар хонааш аз бемории илтиҳоби шуш (пневмония) муолиҷа мегирифтааст.
“Лекин табобат натиҷаи дилхоҳ надода, шоми 9 август ӯ аз олам даргузашт”, – хабар дод манбаъ.
Аҳмадҷон Раҳмонзода солҳои тӯлонӣ дар низоми прокуратура, аз ҷумла ба ҳайси прокурори ноҳияҳои Данғараву Қубодиён ва Ҷайҳуни вилояти Халон кор кардааст.
Солҳои ахир дар Прокуратураи генералӣ фаъолият дошт.
Қобили зикр аст, ки соле пеш бародарӣ ӯ, сардори Раёсати милитсияи экологӣ ва сайёҳӣ генерал-майор Раҳмонзода низ бар асари бемории илтиҳоби шуш фавтида буд.
Маросими ҷанозаи Аҳмадҷон Раҳмонзода имрӯз, 10 август дар зодгоҳаш – ҷамоати Пушинги ноҳияи Данғара баргузор мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


