Даргузашти корманди воломақоми додситонии кул дар Бохтар

Корманди Прокуратураи генералии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳмонзода рӯзи 9 август дар манзили шахсиаш дар синни 51-солагӣ аз олам даргузашт. Бино ба гуфтаи пайвандону наздикони марҳум, қариб як моҳ инҷониб ӯ дар хонааш аз бемории илтиҳоби шуш (пневмония) муолиҷа мегирифтааст. “Лекин табобат натиҷаи дилхоҳ надода, шоми 9 август ӯ аз олам даргузашт”, – хабар дод манбаъ. Аҳмадҷон […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Корманди Прокуратураи генералии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳмонзода рӯзи 9 август дар манзили шахсиаш дар синни 51-солагӣ аз олам даргузашт.

Бино ба гуфтаи пайвандону наздикони марҳум, қариб як моҳ инҷониб ӯ дар хонааш аз бемории илтиҳоби шуш (пневмония) муолиҷа мегирифтааст.

“Лекин табобат натиҷаи дилхоҳ надода, шоми 9 август ӯ аз олам даргузашт”, – хабар дод манбаъ.

Аҳмадҷон Раҳмонзода солҳои тӯлонӣ дар низоми прокуратура, аз ҷумла ба ҳайси прокурори ноҳияҳои Данғараву Қубодиён ва Ҷайҳуни вилояти Халон кор кардааст.

Солҳои ахир дар Прокуратураи генералӣ фаъолият дошт.

Қобили зикр аст, ки соле пеш бародарӣ ӯ, сардори Раёсати милитсияи экологӣ ва сайёҳӣ генерал-майор Раҳмонзода низ бар асари бемории илтиҳоби шуш фавтида буд.

Маросими ҷанозаи Аҳмадҷон Раҳмонзода имрӯз, 10 август дар зодгоҳаш – ҷамоати Пушинги ноҳияи Данғара баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.