“Ҳавопаймои Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон наомадааст”. Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти кӯтоҳ, хабари ба Тоҷикистон омадани Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистонро рад кард. Дирӯз, Саҷҷод Нуристонӣ, корманди идораи умури раёсатҷумҳурии ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба "Азия-Плюс" хабар дода буд, ки Ашраф Ғанӣ аз Кобул ба Тоҷикистон ва аз он ҷо ба кишвари сеюм рафт. Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти кӯтоҳ, хабари ба Тоҷикистон омадани Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистонро рад кард. Дирӯз, Саҷҷод Нуристонӣ, корманди идораи умури раёсатҷумҳурии ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба "Азия-Плюс" хабар дода буд, ки Ашраф Ғанӣ аз Кобул ба Тоҷикистон ва аз он ҷо ба кишвари сеюм рафт.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки  "ҳавопаймои ҳомили  ҷаноби Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба фазои ҳавоии Тоҷикистон ворид нашудааст ва дар ҳудуди кишвар фуруд наомадааст.  Ҳамчунин таъкид  мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон чунин дархости дахлдор нагирифтааст".

Такзиби хабари ба нахуст ба Тоҷикистон омадани ҳавопаймои ҳомили раисҷумҳури собиқи Афғонистон аз сӯйи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифт, ки дирӯз Радиои Озодӣ ҳам бо такя ба ду манбаъ гуфта буд, ки Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон омадааст. 

Дирӯз, Саҷҷод Нуристонӣ, корманди дастгоҳи ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз Кобул ба "Азия-Плюс" хабар дод, ки Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон рафт ва аз он ҷо ба кишвари сеюм меравад. 

Ба гуфти Нуристонӣ, ҳамроҳ бо Ашраф Ғанӣ, Ҳамдуллоҳ Муҳиб мушовири амнияти милии ӯ ва Фазлмаҳмуд Фазлӣ раиси идораи умур ё дастгоҳи иҷроияи Ғанӣ низ будаанд. 

Баъдан ҳамин манбаъ ба "Азия-Плюс" гуфта, ки Ашраф Ғанӣ ба Умон расид. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.