Суоли Ато Мирхоҷа аз Озода Раҳмон: гуноҳи кабираи ман чист?

Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, дар як номаи боз дар саҳфаи фейсбукияш, аз роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар Озода Раҳмон пурсон шудааст, ки чаро бори сеюм аст, ки ба ӯ унвони “Нависанда (Шоир)-и халқии Тоҷикистон” намедиҳанд. Ӯ, ки ин номаи худро субҳи имрӯз, 19 август дар саҳифаи шахсиаш дар “Фейсбук” гузоштааст, аз […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, дар як номаи боз дар саҳфаи фейсбукияш, аз роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар Озода Раҳмон пурсон шудааст, ки чаро бори сеюм аст, ки ба ӯ унвони “Нависанда (Шоир)-и халқии Тоҷикистон” намедиҳанд.

Ӯ, ки ин номаи худро субҳи имрӯз, 19 август дар саҳифаи шахсиаш дар Фейсбук гузоштааст, аз Озода Раҳмон сабаб ё сабабҳои бори сеюм аз руйхати унвонгирандагон хат задани номи ӯ дар дастгоҳи иҷроия Президентро пурсидааст.

Ӯ гуфтааст, ки Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ӯро аз соли 2013 инҷониб се маротиба ба унвони Нависандаи (Шоири) халқии Тоҷикистон лоиқ дониста, асноди лозимро пешниҳод намудааст, аммо, ҳар се бор қарори раёсат ба назар гирифта нашудааст.

– Ҳар се маротиба ҳам аъзои раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бидуни раъйи худам, бо тасмими дастҷамъии худ, чунин қарорҳоро бароварда, аз мақомоти болоӣ хоҳиш намудаанд, ки онҳоро дастгирӣ намоянд,-даъво мекунад Мирхоҷа.

Номбурда иқрор мешавад, ки ду бори аввал аз баҳри даъво гузаштааст, аммо ин бор фаҳмидан мехоҳад, ки сабаби аз чашми Озода Раҳмон дур афтодани ӯ дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар чист?

Ато гуфтааст, андешае ӯро азоб медиҳад, ки “дар назди Ҳукумат муртакиби чӣ гуноҳи кабирае шудаам, ки маро сазовори унвону мукофот намебинад”.

 Ҳол он ки ба андешааш, ӯ “дар муддати 30 соли истиқлолият барои адабиёт ва Ватани азизам аз тамоми ашхосе, ки ба ин унвон соҳиб гардидаанд, агар зиёдтар не, камтар хидмат накардаам”.

Вай дар охир ба хотири рафъи гумону суйитафоҳумҳо дар байни аъзои раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дӯстону ихлосмандони эҷодиёташ аз Озода Раҳмон хоҳиш намудааст, ки номаашро бепосух нагузоранд ва сабаби ба ин унвон сазовор нашуданашро шарҳ диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 18 август раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 120 нафар мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорид, ки дар байни онҳо 2 нависандаи тоҷик Бахтиёр Муртазоев ва Маъруф Бобоҷон бо унвони “Нависандаи халқии Тоҷикистон” мушарраф шуданд.

Хадамоти матбуотии президент навишут, ки ин қадрдонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, супорида шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.