46 иштирокчии ҷанҷоли назди истгоҳи метрои “Кузминка” аз Русия хориҷ шуданд

Date:

Пас аз ҷанҷоли гурӯҳии муҳоҷирон дар назди истгоҳи метрои “Кузминка” 46 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия хориҷ шуданд. Мақомот ҳамагӣ 87 нафарро аз кишвар ихроҷ карданианд, хабар додааст сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД дар шаҳри Маскав Владимир Васенин.

“Бо қарори мақомоти судӣ 87 нафар ба муҳлати 90 рӯз дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати ВКД Русия дар Маскав нигаҳдорӣ мешаванд”, – гуфтааст ӯ.

Номбурда ҳамчунин зикр кардааст, ки қаблан суд дар бораи ҳабси маъмурии хориҷиёни боздоштшуда ба муҳлати 15 шабонарӯз қарор содир намуд. Ғайр аз ин, вуруд ба Русия ба онҳо комилан манъ шудааст.

Ҷанҷоли гурӯҳии муҳоҷирон дар қисмати ҷанбу шарқи шаҳри Маскав 12 июл рух дода, дар он ҳудуди 200 нафар иштирок доштанд. Кормандони пулис ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда зиёда аз 90 нафарро боздошт ва ба шуъбаҳои ВКД бурда буданд.

Қаблан зикр гардида буд, ки муноқиша байни шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон ба ин ҷанҷол сабаб шудааст. Дар ВКД гуфта буданд, ахиран чунин муноқишаҳо дар Русия ба таври назаррас зиёд мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...