46 иштирокчии ҷанҷоли назди истгоҳи метрои “Кузминка” аз Русия хориҷ шуданд

Пас аз ҷанҷоли гурӯҳии муҳоҷирон дар назди истгоҳи метрои “Кузминка” 46 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия хориҷ шуданд. Мақомот ҳамагӣ 87 нафарро аз кишвар ихроҷ карданианд, хабар додааст сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД дар шаҳри Маскав Владимир Васенин. “Бо қарори мақомоти судӣ 87 нафар ба муҳлати 90 рӯз дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати ВКД […]

Пас аз ҷанҷоли гурӯҳии муҳоҷирон дар назди истгоҳи метрои “Кузминка” 46 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия хориҷ шуданд. Мақомот ҳамагӣ 87 нафарро аз кишвар ихроҷ карданианд, хабар додааст сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД дар шаҳри Маскав Владимир Васенин.

“Бо қарори мақомоти судӣ 87 нафар ба муҳлати 90 рӯз дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати ВКД Русия дар Маскав нигаҳдорӣ мешаванд”, – гуфтааст ӯ.

Номбурда ҳамчунин зикр кардааст, ки қаблан суд дар бораи ҳабси маъмурии хориҷиёни боздоштшуда ба муҳлати 15 шабонарӯз қарор содир намуд. Ғайр аз ин, вуруд ба Русия ба онҳо комилан манъ шудааст.

Ҷанҷоли гурӯҳии муҳоҷирон дар қисмати ҷанбу шарқи шаҳри Маскав 12 июл рух дода, дар он ҳудуди 200 нафар иштирок доштанд. Кормандони пулис ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда зиёда аз 90 нафарро боздошт ва ба шуъбаҳои ВКД бурда буданд.

Қаблан зикр гардида буд, ки муноқиша байни шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон ба ин ҷанҷол сабаб шудааст. Дар ВКД гуфта буданд, ахиран чунин муноқишаҳо дар Русия ба таври назаррас зиёд мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...