Сафири Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев эътимоднома супурд

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 25 август эътимодномаи сафирони Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Руминия – Даниел Кристиан Чобану, Лаҳистон – Радослав Грук, Конфедератсияи Швейтсария – Константин Оболенский ва Олмон – Тило Клиннерро қабул кард. Тавре дафтари матбуоти сарвари давлати Ӯзбекистон хабар медиҳад, Мирзиёев муҳимияти амалисозии ҳамаҷонибаи қарордод ва лоиҳаҳои мушаххаси ҳамкориро, ки зимни сафари таърихии президенти […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 25 август эътимодномаи сафирони Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Руминия – Даниел Кристиан Чобану, Лаҳистон – Радослав Грук, Конфедератсияи Швейтсария – Константин Оболенский ва Олмон – Тило Клиннерро қабул кард.

Тавре дафтари матбуоти сарвари давлати Ӯзбекистон хабар медиҳад, Мирзиёев муҳимияти амалисозии ҳамаҷонибаи қарордод ва лоиҳаҳои мушаххаси ҳамкориро, ки зимни сафари таърихии президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар моҳи июни соли ҷорӣ ба мувофиқа расиданд, таъкид дошт.

Ӯ зикр кард, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ робитаи зич дошта, ҳамдигарро дастгирӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки Абдуҷаббор Раҳмонзода 4 май бо фармони президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон таъин шуд.

Дар ин мансаб ӯ Содиқ Имомиро иваз намуд, ки аз соли 2017 намояндагии дипломатии Тоҷикистонро дар Ӯзбекистон роҳбарӣ мекард.

Аз моҳи декабри соли 2014 Абдуҷаббор Раҳмонзода ба ҳайси ёвари президент оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа фаъолият дошт.

Рӯзи 14 майи соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода нусхаи эътимодномаашро ба вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов супурда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.