Аҳмад Масъуд: “Маскав метавонад кумак кунад”

Дар мусоҳиба бо хабаргузории РБК Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимат зидди “Толибон” дар шимоли Афғонистон изҳор дошт, ки ҳоло бо ягон намояндаи расмии Русия гуфтушуниде надоштааст. “Лекин умедворам, ки барои ин кор имконият пайдо мешавад, зеро Русия аз таъмини амният дар Афғонистон ва вазъи сиёсӣ дар ин ҷо нигарониҳо дорад”, – иброз доштааст вай. Аҳмад […]

Asia-Plus

Дар мусоҳиба бо хабаргузории РБК Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимат зидди “Толибон” дар шимоли Афғонистон изҳор дошт, ки ҳоло бо ягон намояндаи расмии Русия гуфтушуниде надоштааст.

“Лекин умедворам, ки барои ин кор имконият пайдо мешавад, зеро Русия аз таъмини амният дар Афғонистон ва вазъи сиёсӣ дар ин ҷо нигарониҳо дорад”, – иброз доштааст вай.

Аҳмад Масъуд изҳори умедворӣ намудааст, ки онҳо аз лиҳози сиёсӣ мудохила ва ба пешгирӣ аз шиддат ёфтани хушунат кумак хоҳанд кард.

“Ин ба манфиати онҳост, зеро агар дар ин ҷо идеологияи ифротӣ ҷорӣ карда шавад, пас он дар тамоми Осиёи Марказӣ ва ҷануби Русия авҷ гирифта, дар умум ифротгароӣ дар ҳоли афзоиш хоҳад буд”, – гуфтааст Аҳмад Масъуд.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз тасарруфи Кобул аз ҷониби “Толибон” чандин гурӯҳ дар саросари ҷаҳон онҳоро табрик кардаву ҳоло ба аъзоёни худ намуна гузоштанд ва ба онҳо мегӯянд, ки онҳо низ метавонанд ба ин кор муваффақ шаванд.

“Ба ин тариқ, ҳамаи ин омилҳо метавонанд ба авҷи шиддат ва бештар рӯйи кор омадани террористон нав боис гарданд, ки мехоҳанд ба Осиёи Марказӣ биёянд ё дар ҷануби Русия вазъро ноором кунанд. Бовар дорам, ки дахолату кумак ҷиҳати дар ин ҷо ташкил кардани ҳукумати фарогир (инклюзивӣ) ба манфиати онҳост”, – гуфтааст ӯ.

Ба ақидаи роҳбари ҷабҳаи муқовимат, Маскав метавонад дар баргузории як навъ музокироти мусолиматомез байни онҳо ва “Толибон” кумак карда, онҳоро бовар кунонад, ки ба гуфтушунид ҳозир шаванд. “Ин кор имконпазир буда, чизест, ки ба мо кумак хоҳад кард”, – таъкид доштааст Аҳмади Масъуд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.