Шаҳрдории Исфара ба хонаводаи шаҳидони даргириҳои марзӣ замин додааст

Шаҳрдории Исфара ба хонаводаи 10 шаҳиди даргириҳои марзии рӯзҳои 28-29-уми апрел замин додааст. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Исфара хабар додааст. Манъба гуфтааст, ки ин кор бо дастури раисҷумҳур сурат гирифта, ҳадафи аслии он ҳимоят ва дилҷӯйӣ аз хонаводаҳои шаҳидон аст.  "Қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба 8 оила аз ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, 1 оила аз […]

Asia-Plus

Шаҳрдории Исфара ба хонаводаи 10 шаҳиди даргириҳои марзии рӯзҳои 28-29-уми апрел замин додааст. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Исфара хабар додааст.

Манъба гуфтааст, ки ин кор бо дастури раисҷумҳур сурат гирифта, ҳадафи аслии он ҳимоят ва дилҷӯйӣ аз хонаводаҳои шаҳидон аст. 

"Қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба 8 оила аз ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, 1 оила аз ҷамоати деҳоти Воруху 1 оила аз ҷамоати деҳоти Сурх дода шуда, инчунин дар ин радиф варзишгари номӣ Муҳаммадхӯҷа Ёқубов ва 2 оилаи камбизоат низ бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз шаҳри Исфара таъмин карда шуданд", – хабар медиҳад манбаъ

Шаҳрдории Исфара мегӯяд, ки вазъи хонаводаҳои шаҳидони даргириҳои марзӣ ва раванди таҳсили фарзандони онҳо ҳамеша зери назари ҳукумат аст. .

Тоҷикистон ба хонаводаи зарадидагон ва шаҳидони даргириҳоии марзӣ бо Қирғизистон ёриҳои фаврӣ расонид ва ба ҳамаи онҳое, ки хонаҳояшон дар ин даргириҳо осеб дида буданд, хона сохту ҳадя кард. Ҳамчунин ба хонаводаи ҳамаи шаҳидон давлат 70 ҳазор сомонӣ ёрии молӣ дод. Ба ҷуз давлат, соҳибкорон ва ниҳодҳои дигари давлативу иҷтимоӣ низ ба ин хонаводаҳо ёриҳои моливу модддӣ расониданд.

Дар даргириҳои марзии ахир аз Тоҷикистон 19 нафар кушта шуд ва ҷониби Қирғизистон қурбониёни худро 36 нафар эълон кард.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.