Имсол Эмомалӣ Раҳмон “Дарси сулҳ”-ро дар гимназияи №4 мегузаронад

Имсол, раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон “Дарси сулҳ”-ро дар гимназияи № 4 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе мегузаронад. Дар ин бора, аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия плюс” хабар дод. Манбаъ гуфт, ки имсол, “Дарси сулҳ” ё оғози соли нави таҳсил, рӯзи чоршанбеи 1-уми сентябр баргузор мешавад. Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти гимназияи […]

Имсол, раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон “Дарси сулҳ”-ро дар гимназияи № 4 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе мегузаронад. Дар ин бора, аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия плюс” хабар дод.

Манбаъ гуфт, ки имсол, “Дарси сулҳ” ё оғози соли нави таҳсил, рӯзи чоршанбеи 1-уми сентябр баргузор мешавад. Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти гимназияи № 4 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанберо расман оғоз намояд.

– Сараввал Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Гимназияи мазкурро мавриди истифода қарор дода, баъдан бо омӯзгорон ва хонандагони ин муассиса мулоқот мекунанд,-гуфт манбаъи мо.

Гуфта мешавад, ки то ба ҳол шумораи ниҳоии кӯдаконе, ки имсол, ба синфи 1 мераванд, маълум нест ва то аввали сентябр қабули хонандагон ба мактабҳо идома хоҳад ёфт.

Ҳамасола 1-уми сентябр дар Тоҷикистон бо "Дарси сулҳ" оғоз меёбад. Дар ин дарс устодону шогирдон суханронии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро гӯш мекунанд. 

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.