22 нафар оварда шуд: Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Афғонистон чанд нафаранду чӣ ҳол доранд?

Ахиран расонаҳои русӣ хабар доданд, ки як тайёраи низомии Русия рӯзи 25-уми август шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Афғонистон берун кашидааст ва ба фурудгоҳи низомии Айнӣ, дар канори шаҳри Душанбе овардааст. Вале гуфта нашудааст, ки дар ин тайёра чанд шаҳрванди Тоҷикистон аз Кобул берун кашида шудааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ба масъалаи берун кашидани шаҳрвандони […]

Ахиран расонаҳои русӣ хабар доданд, ки як тайёраи низомии Русия рӯзи 25-уми август шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Афғонистон берун кашидааст ва ба фурудгоҳи низомии Айнӣ, дар канори шаҳри Душанбе овардааст. Вале гуфта нашудааст, ки дар ин тайёра чанд шаҳрванди Тоҷикистон аз Кобул берун кашида шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ба масъалаи берун кашидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Афғонистон сафорати кишвар дар Кобул машғул аст.

Аз Сафорати Тоҷикистон дар Кобул ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки тамоми маълумоти лозим дар мавриди шумораи шаҳрвандони ниёзманд ва дигар иттилоъро ба вазорат расонидаанд ва аз он ҷо бигиред.

Бино ба маълумоти Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон то кунун 30 шаҳрванди Тоҷикистон барои берун шудан аз Кобул муроҷиат кардааст, ки 22 нафари онҳо рӯзи 25-уми август дар ҳамкорӣ бо Сафорати Русия дар Кобул ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Дар ин раёсат мегӯянд, ки шаҳрвандоне, ки ҳоло дар Кобул боқӣ мондаанд ва шаҳрвандони дигаре, ки муроҷиат мекунанд, баъди дуруст кардани санадҳои зарурӣ барои сафар ,дафъаи дигар ба ватан оварда мешаванд.

Аз Сафорати Тоҷикистон дар Кобул дар тамоси телефонии рӯзи 26-уми август ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки онҳо кор мекунанд ва дари сафорат барои ёрӣ ба ниёзмандон боз аст.

Вазорати корҳоии хориҷии Тоҷикистон низ мегӯяд, ки сафорати мо дар Кобул фаъол аст ва шаҳрвандон метавонанд барои ёрӣ муроҷиат кунанд.

Бархе аз корафтодагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки хиёбонҳои наздик ба сафорат аз сӯйи ҷангҷӯёни “Толибон” таъмини амният мешавад ва онҳо касеро барои наздик шудан ба сафорат намегузоранд.

Вазорати корҳои хориҷӣ шумораи иловагии телефонро барои тамоси шаҳрвандон дар Кобул бо саффорат пешниҳод мекунад ва мегӯяд, ки шаҳрвандон бояд бо ин шумора тамос бигиранд – +937723838.

Шумораҳо ва василаҳои дигари тамоси сафорати Тоҷикистон дар Кобул, ки сайти Вазорати корҳои хориҷӣ барои корафтодагон пешниҳод кардааст:

Сафири Фавқулода ва Мухтор – Шарифӣ Саъдӣ: 
Суроға: ш. Кобул, кӯчаи Вазир Акбархон Сараки 15, хонаи 121
Тел: +93 784098355; Е-mail: [email protected]; Web: mfa.tj/kobul

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.