Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон: соли хониш 1 июн ҷамъбаст шавад

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардааст, ки соли таҳсил дар кишвар ҳамасола 1 июн ҷамъбаст карда шавад. Ӯ ин пешниҳодро, имрӯз, 1 сентябр зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ироа кардааст. Сарвари давлат гуфтааст, ки бо вуҷуди он ки ҳукумати мамлакат ба масъалаи ислоҳоти соҳаи маориф […]

Маҳзаб Ҷумъа, Asia-Plus

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардааст, ки соли таҳсил дар кишвар ҳамасола 1 июн ҷамъбаст карда шавад. Ӯ ин пешниҳодро, имрӯз, 1 сентябр зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ироа кардааст.

Сарвари давлат гуфтааст, ки бо вуҷуди он ки ҳукумати мамлакат ба масъалаи ислоҳоти соҳаи маориф ва ба стандарту барномаҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани он таваҷҷуҳи хосе зоҳир менамояд, вале яке аз мавзӯъҳои ҳалталаб дар ин самт буҷету вақт ва оғозу анҷоми соли таҳсил мебошад.

Ӯ гуфтааст, ки имсол низ бо дарназардошти тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво ва паҳншавии мавҷи нави бемории зикршуда тибқи дастури Ҳукумати мамлакат анҷоми дарсҳо аз 14-уми июн ба 7-уми июн гузаронида шуд.

– Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вобаста ба мушкилоту пайомадҳои тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво, пайдоиши бемориҳои сироятӣ, ҳамчунин, мавқеи географӣ, обу ҳавои мамлакат, ҳолати равонии кӯдакон, имконияти вақту соатҳои дарсӣ ва барномаву стандартҳои таълимӣ мо бояд дар доираи ислоҳоти соҳа ба ин масъала нигоҳи нав ва воқеӣ дошта бошем,-қайд кардааст Раҳмон.

Президент ба Вазорати маориф ва илм супориш додааст, ки пешниҳоду хулосаҳои худро дар ин хусус ба ҳукумати мамлакат манзур намуда, ҷиҳати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа чораҳои зарурӣ андешад.

Воқеан, баҳси анҷоми соли хониш солҳост, ки дар кишвар доғ аст. Чанд соле пеш, ҳамасала 25 май ҳамаи дарсҳо дар кишвар ба анҷом мерасид. Баъдан. ин санаро ба 1 июн, дертар ба 7 июн, чанд соли охир ба 14 июн оварданд. Ин дар байни волидон норозигӣ ба миён овард.

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорф ва илми Тоҷикистон дар охирин нишасти матуботии ниҳоди зери роҳбариаш дар мавриди дароз кардани соли таҳсил дар кишвар посух дода буд, ки инба иқлим, муҳити ҷуғрофӣ, табиат ва дигар ҳолатҳо вобаста аст.

– Масъалаи дигар, мо алакай ба низоми дигари таҳсилот гузаштем ва ин низом вақту соат буҷети навро талаб мекунад. Падару модар андешаи як нафарро мекунанд, мо пешбарандаи ҳамин сиёсат ҳастем, мо таҳлил мекунем, меомӯзем таҳқиқ мекунем,-гуфта буд вазири маориф.

Ба гуфтаи ӯ, ҳар як кишвар низому тартиби худро дорад ва онҳо фаъолияти худро дар асоси муроҷиати як ё ду нафар танзим намекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.