Ширкати Сомон Маҳмадбеков ва амакзодааш дар мусобиқаи байналамилалии ҷудо дар Русия

Паҳлавони шинохтаи тоқик, ҷудокор Сомон Маҳмадбеков аз ҷониби Тоҷикистон дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷаҳон дар "Мусобиқаи байналмилалии ҷудо ба номи Дзигоро Кано" ширкат мекунанд. Дар ин бора, рӯзноманигор Хилватшоҳи Маҳмуд ба "Азия-Плюс" хабар дод. Дар баробари Сомон, ҳамчунин амакзодааш Маҳмадбек Маҳмадбеков низ дар ин мусобиқот ширкат мекунад, вале Русияро намояндагӣ мекунад. Гуфта мешавад, ки мусобиқаи […]

Паҳлавони шинохтаи тоқик, ҷудокор Сомон Маҳмадбеков аз ҷониби Тоҷикистон дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷаҳон дар "Мусобиқаи байналмилалии ҷудо ба номи Дзигоро Кано" ширкат мекунанд. Дар ин бора, рӯзноманигор Хилватшоҳи Маҳмуд ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Дар баробари Сомон, ҳамчунин амакзодааш Маҳмадбек Маҳмадбеков низ дар ин мусобиқот ширкат мекунад, вале Русияро намояндагӣ мекунад.

Гуфта мешавад, ки мусобиқаи мазкур 3 сентябр дар шаҳри Владивостоки Русия таҳти сарпарастии раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва нахуствазири Ҷопон Ёсихидэ Суга дар ҳошияи Форуми иқтисодии Шарқ (Восточный экономический форум) баргузор шавад.

Сомон ягона паҳлавони Тоҷикистон аст, ки ба ин мусобиқа роҳ ёфта, дар вазни 73 кило вориди майдон мешавад.

Ба иттилои расида, дар мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ варзишгарон дар ду даста- тими мунтахаби Русия ва дастаи яккачини ҷаҳон бо ҳамдигар сабқат хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки қаҳрамонони ҷаҳон, барандагони унвони Қаҳрамонии Аврупову Осиё, ғолибони Ҷомҳои ҷудо, инчунин барандагони унвонҳои қаҳрамонии "Тоскулоҳи бузург" (Гранд слам) дар риштаи ҷудо (миёни ҷавонони то 23-сола) дар солҳои 2019-2021 аз Тоҷикистону Туркия, Олмон, Нидерланду Фаронса ва Маҷористон (Венгрия) дар як дастаи воҳид муқобили дастаи мунтахаби Русия рақобат мекунанд.

Масъулин тарҳи варзишӣ мегӯянд, шиори сабқат "Роҳ ба Порис-2024" («Дорога в Париж-2024») – Олимпиадаи оянда мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.