Посухи Амрулло Солеҳ ба “Толибон”: идораи Афғонистон бо як мушт бесаводи уқдаманд имконпазир нест

Амруллоҳ Солеҳ муовини нахусти Ашраф Ғанӣ, ки ҳоло худро бар асоси Қонуни Асосии Афғонистон сарпарасти ҳукумати ин кишвар медонад, дар як посухи фейсбукӣ ба "Толибон" мегӯяд, ки онҳо дар идораи давлат муваффақ намешаванд. Амруллоҳ Солеҳ, ки ҳоло дар Панҷшер қарор дорад, гуфтааст, ки муқовимати мо барои дифоъ аз ҳаққи ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон аст. Ин муқовимат мустақар дар […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Амруллоҳ Солеҳ муовини нахусти Ашраф Ғанӣ, ки ҳоло худро бар асоси Қонуни Асосии Афғонистон сарпарасти ҳукумати ин кишвар медонад, дар як посухи фейсбукӣ ба "Толибон" мегӯяд, ки онҳо дар идораи давлат муваффақ намешаванд.

Амруллоҳ Солеҳ, ки ҳоло дар Панҷшер қарор дорад, гуфтааст, ки муқовимати мо барои дифоъ аз ҳаққи ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон аст. Ин муқовимат мустақар дар Панҷшер аст, на барои Панҷшер ва ба хотири Панҷшер.

"Имрӯз ин дара мизбони ҳамаи кишвар ва мояи умед барои ҳамаи миллати Афгонистон аст, ки доранд аз зулм, интиқомҷӯйӣ, таассуб, чаповул ба моли мардум ва торикандешии шумо фирор мекунанд. Агар миллат заррае ба шумо эътимод доранд, пас ин мавҷи мардум дар марзҳои кишвар чаро саф кашидаанд, ки ҳозиранд ҳамаи доштаҳои худро аз даст бидиҳанд ва фақат зери тасаллути шумо набошанд. Оё аз худ пурсидаед, ки чаро?",-суол гузоштааст муовини пешини ҳукумат.

Амруллоҳ Солеҳ гуфтааст, ки тасаллут бар соҳа дар чиҳилуду соли ахир маънои суботро надодааст ва тасаллути имрӯзии шумо бар хок, маънои субот ва пойдориатонро намедиҳад.

"Субот ва пойдории низом, устувор ба муаллифа (омил)-ҳое аст, ки гурӯҳи шумо аз он бисёр дур аст. Кофист, ки ба мусоҳиба ва амалкарди раддаи аввал таъиншудаҳои хеш таваҷҷуҳ кунед, то бароятон маълум гардад, ки идораи Афғонистон имрӯз бо як мушт бесаводи уқдаманд имконпазир нест",-ҳушдор медиҳад Солеҳ.

Ба назари ин мақомдори аршади собиқ, фурӯпошии иқтисод ва набуди дастгоҳи хидматрасонӣ мардумро хеле зуд ба сутуҳ хоҳад овард ва аслиҳаву равиши хашини Толибон дар баробари қиём ва хашми мардум ҳеҷ таъсире нахоҳад дошт. 

Амрулло Солеҳ, ҳоло дар Панҷшер қарор дорад ва эълон кардааст, ки аз неруҳои муқовимати таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, ҳимоят мекунад. 

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.