Ёдбуди Аҳмадшоҳ Масъуд дар Душанбе. Даргириҳои ҳозира идомаи муқовимати ӯст

Дирӯз, 10 сентябр дар Душанбе 20 – умин солгарди шаҳодати Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ҷашн гирифата шуд.Маросим дар сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон баргузор гардид, вале ба фарқ аз солҳои пешин масъулини давлати Тоҷикистон ва намояндагони кишварҳои хориҷӣ ширкат надоштанд. Ёдбудӣ Қаҳрамони миллии Афғонистон дар ҳоле баргузор гардид, ки  "Толибон" (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) […]

Asia-Plus

Дирӯз, 10 сентябр дар Душанбе 20 – умин солгарди шаҳодати Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ҷашн гирифата шуд.Маросим дар сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон баргузор гардид, вале ба фарқ аз солҳои пешин масъулини давлати Тоҷикистон ва намояндагони кишварҳои хориҷӣ ширкат надоштанд.

Ёдбудӣ Қаҳрамони миллии Афғонистон дар ҳоле баргузор гардид, ки  "Толибон" (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) ба ғайр аз зодгоҳи ӯ, вилояти Панҷшер тамоми Афғонистонро ишғол кардаанд, ҳукумати нави худро эълон намуданд ва хабарҳо дар мавриди тахриби оромгоҳи ӯ низ зиёд ба нашр мерасад.

Гуфта мешавад, ки дар маросими гиромидошти Аҳмадшоҳи Масъуд танҳо раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили парлумон Саидҷаъфар Усмонзода баромад карда, гуфт, ки сокинони дараи Панҷшер ба маводи ғизоӣ ниёз доранд ва ин мавзуъ бояд мавриди баррасии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирад.

Раиси Кунгураи миллии Афғонистон Латифи Пидром ҳам вобаста ба ин масъала зикр кард, ки толибон дараро муҳосира кардаанд ва ба кӯдакон обу нон намерасад.

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Заҳир Ағбар дар ин маросим гуфт, ки Толибон бо шикастани санги мазори Масъуд мехостанд, ки аз ӯ интиқом бигиранд, вале бо шикастани санги мақбарааш, аз ӯ чизе кам намешавад.

– Даргириҳои ҳозира дар Панҷшер идомаи занҷиравии қатли Аҳмадшоҳи Масъуд дар бист соли пеш аст,- гуфт Муҳаммад Заҳир  Ағбар.

Ба таъкиди Ағбар “Толибон” дар дараи Панҷшер тақрибан наслкушӣ мекунанд.

Ҳаракати "Толибон" 15 августи соли равон Афғонистонро пурра зери итоати худ гирифтанд, аммо вилояти Панҷшер, зодгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд таслим нашуд. Дар онҷо Ҷабҳаи муқовимати миллиро ташкил доданд, ки раҳбараш писари Аҳмадшоҳи Масъуд – Аҳмад Масъуд аст.

Бо вуҷуди он ки "Толибон" мегӯянд, Панҷшерро пурра тасарруф кардаанд, вале Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, ин ҳарфҳо асос надорад.

9-уми сентябри соли 2001 фармондеҳи машҳури муҷоҳидон ва вазири собиқи дифои Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд кушта шуд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳафтаи гузашта, баъд аз бист соли маргаш, ба ӯ ордени дараҷаи яки "Исмоили Сомонӣ" дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.