Филми “Беҳтарин” дар Русия намоиш дода шуд

Дар шаҳри Қазони Русия 9 сентябр филми ҳунарии “Беҳтарин” – и Муҳсин Раҳимӣ, коргардони кувейтӣ, ки дар Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст, намоиш дода шуд. Филм дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи соли 2017  тасвирбардорӣ шудааст ва он дар бораи қиссаи вафодории як фарди миёнсол нисбат ба ишқи нофарҷоми ӯ дар ҷавониаш нақл мекунад. – Ба хотири […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Қазони Русия 9 сентябр филми ҳунарии “Беҳтарин” – и Муҳсин Раҳимӣ, коргардони кувейтӣ, ки дар Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст, намоиш дода шуд.

Филм дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи соли 2017  тасвирбардорӣ шудааст ва он дар бораи қиссаи вафодории як фарди миёнсол нисбат ба ишқи нофарҷоми ӯ дар ҷавониаш нақл мекунад.

– Ба хотири маҳдудиятҳои молӣ ва шароити куруно тадвини ин филм бо таъхири чандсола анҷом шуд ва филм дар моҳи майи соли 2021 ба сурати ниҳоӣ омода шуд. Пахши он дар ҷашнвораҳои филм шуруъ шуда ва мо дар ҷашнвораи маҳаллӣ дар Торонтои Конодо финолист шудем. Ҳузур дар ҷашнвораҳои дигареро ҳам дар оянда хоҳем дошт, – гуфтааст дар яке аз мусоҳиба бо журналистон коргардони филм Муҳсин Раҳимӣ.

Ин коргардони кувейтӣ ба суоли он ки филми «Беҳтарин» чӣ иртиботе бо Наврӯз дорад, посух додааст, қиссаи филм се рӯз қабл аз Наврӯз иттифоқ меафтад ва то нимаи аввали рӯзи Наврӯз идома меёбад.

Филм дар шаҳри Душанбе, Қалъаи Ҳисор, деҳаҳои Қиблаӣ (ноҳияи Рӯдакӣ), Лоёб (шаҳри Ҳисор), шаҳри Турсунзода ва рустоҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ наворбардорӣ шудааст.

Интизор меравад, ки филми мазкур дар ҷашни Наврӯзи соли 2022 дар Тоҷикистон намоиш дода шавад.

Муҳсин Раҳимӣ, журналист ва коргардони кувейтӣ аст. Ӯ то ҳоло дар бораи шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик чанд барномаи телевизионӣ таҳия карда, дар бораи ҷашни Наврӯз ва ҷойгоҳи он дар рӯзгори мардуми тоҷик як мустанад ва филми ҳунарие сохтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.