Дар Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ва муовини раиси Шӯрои кории СҲШ баргузор шуд



           

Душанбе. 1-уми апрел. Дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид бо муовини раиси Шӯрои кории Созмони Ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезентсев, ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар чаҳорчӯбаи СҲШ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.





           

Чӣ тавре ки аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили роҳандозии робитаи мустақим миёни доираҳои молиявӣ ва тиҷоратии кишварҳо ва ҷалби онҳо ба ҳамкории пурсамари мутақобила дар соҳаи иқтисод ва сармоягузорӣ ибрози ақида намуданд.




           

Ғайр аз ин, Д.Мезентсев ва Ш.Саид ба масоили барои Тоҷикистон муҳим, аз қабили ҳифзи сармоягузориҳо, сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузург, раванди муҳоҷират, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, такмили механизмҳои фаъолияти суғуртакунӣ, боркашонӣ ва транзити борҳо таваҷҷӯҳ зоҳир сохтанд.


spot_imgspot_img

Популярное