Қатъи ҳаракати нақлиёт дар қисме аз кӯчаҳои Душанбе

Шурӯъ аз имрӯз, 22 сентябри соли 2021 бинобар сабаби оғози таъмири роҳи кӯчаи Фирдавсӣ ҳаракати нақлиёт аз буриши кӯчаи Н. Қарабоев то буриши кӯчаи М. Қосимов қатъ мегардад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳанд. Гуфта мешавад, ки ҳамчунин, ба нақшаи хатсайрҳои нақлиёти мусофиркашонии автобусии №2, 18, 81, инчунин хатсайрҳои микроавтобусии №30, 42, 54, 57, […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Шурӯъ аз имрӯз, 22 сентябри соли 2021 бинобар сабаби оғози таъмири роҳи кӯчаи Фирдавсӣ ҳаракати нақлиёт аз буриши кӯчаи Н. Қарабоев то буриши кӯчаи М. Қосимов қатъ мегардад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки ҳамчунин, ба нақшаи хатсайрҳои нақлиёти мусофиркашонии автобусии №2, 18, 81, инчунин хатсайрҳои микроавтобусии №30, 42, 54, 57, 81 ва 88 тағйирот ворид гардида, фаъолияти онҳо то ба истифода додани роҳи кӯчаи Фирдавсӣ, тавассути кӯчаҳои Н. Қарабоев, Ҷанубӣ, Қосимов ва хиёбони А. Ҷомӣ ба роҳ монда мешавад.

Шаҳрдорӣ нагуфтааст, ки таъмири роҳ чӣ қадар тӯл мекашад ва ҳаракати нақлиёт дар ин масир кай барқарор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.