Авф оғоз шуд. Гурӯҳи аввали маҳбусон аз зиндон озод шуданд

Date:

Шурӯъ аз дирӯз, 21 сентябр, гурӯҳи аввалини маҳбусон аз зиндонҳои Тоҷикистон бар асоси “Қонуни авф”  ба озодӣ баромаданд. Дар ин бора аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ба “Азия плюс” хабар доданд.

“Дирӯз як гурӯҳи беш аз 60 нафара аз зиндони №2-и шаҳри Ваҳдат ва гурӯҳҳои зиёдтар аз зиндонҳои Ёвон, Норак, Бохтар ва дигар маҳбасҳо озод шуданд. Аз зиндони занонаи Норак беш аз 600 нафар маҳбус ба озодӣ баромаданд”, – гуфтанд дар сарраёсат.

Гуфта мешавад, ки то чанд рӯзи оянда озод кардани зиндониён аз маҳбаси маъруф ба "Якум Советский"- и Душанбе ва маҳбасҳо дигар шаҳру ноҳияҳо ҳам оғоз мешавад.

Қонуни афв нисбат ба 16 ҳазор кас татбиқ хоҳад шуд.

Қонун “Дар бораи афв” 6-уми сентябри имсол аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон қабул шуда, 8-уми сентябр аз сӯи раисҷумҳур имзо шуд ва 9-уми сентябр дар матбуоти давлатӣ нашр ва ба ҳукми иҷро даромад.

Мувофиқи ин қонун, беш аз 10 ҳазор нафар аз зиндону боздоштгоҳҳо озод шуда, ҷазои қариб 6 ҳазор нафари дигар кам карда шавад. Муҳлати татбиқи қонун ду моҳ пешбинӣ шудааст.

Бар асоси қонуни афв, занон, шахсони ноболиғ, мардони аз 55-сола боло, маъюбони гуруҳҳои 1, 2, 3, шахсони дорои гирифтори бемориҳои вазнин, афроде, ки мукофоти давлатӣ доранд ва шахсони хориҷӣ аз адои ҷазо озод карда мешаванд. Вале қонун нисбат ба онҳое, ки бо одамкушӣ, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, рабудани одам, хариду фурӯши одамон, таҷовуз ба номус, шиканҷа ва ҷиноятҳои марбут ба фаъолияти террористӣ, ифротгароӣ хиёнат ба давлат ва ё “бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ҳабс шудаанд, татбиқ нахоҳад шуд.

Дар бораи ҷузъиёти бештари қонуни авф маводи зерини “Азия плюс”-ро мутолиа намоед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...