Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо ҷашни Меҳргон табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвнадони кишварро бо ҷашни бостонии Меҳргон табрику таҳният гуфт. Дар паёми шодбошии сарвари давлат ба муносибати ин ҷашн зикр мешавад, ки Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, он ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мегардид ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ гузошта […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвнадони кишварро бо ҷашни бостонии Меҳргон табрику таҳният гуфт.

Дар паёми шодбошии сарвари давлат ба муносибати ин ҷашн зикр мешавад, ки Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, он ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мегардид ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ гузошта мешуд.

“Меҳргон на танҳо ҷашни фаровонии дастранҷи кишоварзону боғдорон ва файзу баракати хонадони мардум аст, балки рамзи унсурҳои неки маънавию фарҳангӣ низ ба шумор меравад”, – омадааст дар паём.

Гуфта мешавад, соли ҳафтум аст, ки Тоҷикистон ҷашни Меҳргонро дар фазои соҳибистиқлолии мамлакат таҷлил намуда, онро ба қатори ҷашнҳои расмӣ ба қонунгузории кишвар ворид кардаааст.

“Дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани Меҳргон пайванди моро бо решаҳои бостонии миллиамон тақвият бахшид ва боиси болоравии худшиносиву худогоҳии мардуми мо, аз ҷумла наврасону ҷавонон гардид, зеро Меҳргон рамзи ваҳдати инсонҳо, намунае аз ахлоқи баландтарини инсонӣ, меҳрварзиву накӯкорӣ, ватандӯстӣ ва адолатпарварӣ ба шумор меравад”, – таъкид мешавад дар паёми сарвари давлат.

Ёдрас мекунем, ки Иди ҳосил – ҷашни Меҳргон дар Душанбе 17 октябр Дар Боғи фарҳангу истироҳати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ таҷлил мегардад.

Дар доираи иди тирамоҳ фестивал ва намоиш фурӯши асал, маҳсулоти кишоварзӣ, техникаи кишоварзӣ ва биринҷ доир гардида, деҳқонон аз тамоми гӯшаву канори кишвар маҳсулоти худро пешкаш мекунанд.

Сокинон ва меҳмонони пойтахт аз намоишгоҳ бо нархҳои дастрас асали кӯҳӣ, навъҳои гуногуни биринҷ, равғани хушсифат, сабзавоту меваи тару тоза харида метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.