Картошкаи вазнаш 1 кило ва фаровонии меваҳои арзон: ҷашни Меҳргон дар Душанбе

Рӯзи 17 октябр дар Боғи фарҳангу истироҳати ба номи Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Меҳргон ҷашн гирифта шуд. Деҳқонону ҳунармандон аз саросари кишвар маҳсули дастони худро дар намоишгоҳ ба маърази тамошо гузоштанд. Бори нахуст дар намоишгоҳ деҳқонон аз водии Рашт навъи нави картошка – “Тоҷикистон”-ро пешкаш намуданд, ки вазни 1 донаи он ҳатто то ба 1 […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Рӯзи 17 октябр дар Боғи фарҳангу истироҳати ба номи Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Меҳргон ҷашн гирифта шуд.

Деҳқонону ҳунармандон аз саросари кишвар маҳсули дастони худро дар намоишгоҳ ба маърази тамошо гузоштанд.

Бори нахуст дар намоишгоҳ деҳқонон аз водии Рашт навъи нави картошка – “Тоҷикистон”-ро пешкаш намуданд, ки вазни 1 донаи он ҳатто то ба 1 кило мерасад.

Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, он ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мегардад ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ гузошта мешавад.

Меҳргон на танҳо ҷашни фаровонии дастранҷи кишоварзону боғдорон ва файзу баракати хонадони мардум аст, балки рамзи унсурҳои неки маънавию фарҳангӣ низ ба шумор меравад.

Соли ҳафтум аст, ки Тоҷикистон ҷашни Меҳргонро дар фазои соҳибистиқлолии мамлакат таҷлил намуда, он мисли ба қатори ҷашнҳои расмӣ ба қонунгузории кишвар ворид гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.