Тамдиди муҳлати пешниҳоди дархост барои таҳсил дар макотиби олии Русия

Россотрудничество дар Тоҷикистон муҳлати пешниҳоди дархостҳоро барои таҳсил дар мактабҳои олии Русия тибқи квота то 25 ноябри соли 2021 дароз кард. Бақайдгирии шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрвандӣ, аз ҷумла ҳамватанони русиягии муқими Тоҷикистон, ки аз ҳисоби буҷети Русия дар ин кишвар хоҳиши таҳсил доранд, дар низоми иттилоотии education-in-russia.com гузаронида мешавад. Дар анкета (саволнома) номзадҳо 6 […]

Asia-Plus

Россотрудничество дар Тоҷикистон муҳлати пешниҳоди дархостҳоро барои таҳсил дар мактабҳои олии Русия тибқи квота то 25 ноябри соли 2021 дароз кард.

Бақайдгирии шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрвандӣ, аз ҷумла ҳамватанони русиягии муқими Тоҷикистон, ки аз ҳисоби буҷети Русия дар ин кишвар хоҳиши таҳсил доранд, дар низоми иттилоотии education-in-russia.com гузаронида мешавад.

Дар анкета (саволнома) номзадҳо 6 мактаби олиии Русияро интихоб карда метавонанд. Дар Маскаву Санкт-Петербург  ба интихоби на зиёдтар аз 2 мактаби олӣ ва дар як ҳавзаи федералӣ ба интихоби на зиёдтар аз 3 макатби олӣ иҷоза дода шудааст.

Тавсия дода мешавад, ки дархост тариқи компютер пешниҳод гардад.

Машваратҳо бо ҳузури бевосита дар намояндагиҳои Русия аз рӯзи душанбе то ҷумъа дар вақтҳои зерин баргузор мешаванд:  

– соати 15.00 дар Душанбе (гузаргоҳи 1-уми кӯч. Академик Раҷабовҳо, х. 9/1. Гардиши ба рост аз хиёб. Рӯдакӣ назди бинои Вазорати адлияи ҶТ). Тел.: +992 (372) 21 89 47;

– соати 13.00 дар дар Хуҷанд (кӯч. Исмоили Сомонӣ, х. 52). Тел.: +992 (342) 26 02 22.

Дархост мешавад, ки бо дастурамали зина ба зинаи видеоӣ дар бораи бақайдгирӣ бодиққат шинос шавед.

Қобили зикр аст, ки соли хониши 2022-2023 аз Тоҷикистон 750 довталаб ба макотиби олии Русия дохил шуда метавонанд. Ин миқдор яке аз сершумортарин квотаҳо мебошад, ки аз ҷониби ҳукумати Русия ҷудо карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.