Омодагии Тоҷикистон ба пешниҳоди имконоти логистикии худ ҷиҳати ёрӣ ба Афғонистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 ноябр аз 10 сафири нави кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафирони нави Беларус, Озарбойҷон, Туркия, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Конфедератсияи Швейтсария, Чехия Лаҳистон, Эстония ва Бангладеш ба Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 ноябр аз 10 сафири нави кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафирони нави Беларус, Озарбойҷон, Туркия, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Конфедератсияи Швейтсария, Чехия Лаҳистон, Эстония ва Бангладеш ба Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ бо онҳо Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки бӯҳрони амиқи сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон, ки мояи нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, боиси ташаннуҷи авзо дар минтақа гардидааст.

Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки бинобар таъсири рӯзафзуни як қатор омилҳои амниятӣ  ва иқтисодиву иҷтимоӣ ҳамоно печидаву пуртазод боқӣ мемонад андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки мутаассифона, сарфи назар аз тадбирҳои дар сатҳҳои гуногун андешидашаванда, шиддати хатару таҳдидҳои замони муосир паст нашуда истодааст.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон омода аст имкониятҳои васеи логистикии худро барои расонидани кумаки байналмилалӣ ба ин ҳамсояи наздики худ пешниҳод намояд.

“Қаламрави Афғонистон то ҳол манбаи паҳншавии таҳдиду чолишҳои муосир боқӣ мемонад ва кишвари мо, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, дар сафи пеши муқовимат ба онҳо қарор дорад», – гуфт Раҳмон.

Зимни суханронии худ ӯ ба чораҳои аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ андешидашаванда ёдовар шуд.

Дар маросими эътимодномасупорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба оқибатҳои манфии ҳамагирии КОВИД-19, таъсири бӯҳрони шадиди молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба кишварҳо, мавзӯи доғи рӯз – тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он, истифодаи энергияи “сабз”, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо ва дигар масъалаҳои глобалӣ, андешаронӣ кард.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.