Акмалиддин Каримов қаҳрамони нави самбои ҷаҳон аз Тоҷикистон

Акмалиддин Каримов дар рақобатҳои самбои ҷаҳон, лаҳзае пеш дар шаҳри Тошканд дар вазни -58 кг медали тилло ба даст овард ва ба ҳамин тартиб 4-умин қаҳрамони рақобатҳои самбои ҷаҳон аз Тоҷикистон шуд. Акмалиддин Каримов, барандаи чор медали нуқраи рақобатҳои самбои ҷаҳон,  дар вазни то 58 кило дар ин рақобатҳо аз даври ҳаштякниҳоӣ ба рақобат пардохт. Ӯ […]

Asia-Plus

Акмалиддин Каримов дар рақобатҳои самбои ҷаҳон, лаҳзае пеш дар шаҳри Тошканд дар вазни -58 кг медали тилло ба даст овард ва ба ҳамин тартиб 4-умин қаҳрамони рақобатҳои самбои ҷаҳон аз Тоҷикистон шуд.

Акмалиддин Каримов, барандаи чор медали нуқраи рақобатҳои самбои ҷаҳон,  дар вазни то 58 кило дар ин рақобатҳо аз даври ҳаштякниҳоӣ ба рақобат пардохт. Ӯ баъди се пирӯзӣ бар варзишгарон аз Тринидад ва Тобаго, Марокаш ва Қазоқистон ба финал баромад.

Дар қувваозмоии ниҳоӣ, рақибаш Саян Хертек аз Русияро мағлуб кард.

Дар рақобатҳои имрӯзи самбои ҷаҳон паҳлавони дигари тоҷик Хушқадам Хусравов ҳам ба финал расид, ки чанд лаҳза пас бо паҳлавони қазоқ вориди рақобат мешавад. 

Дар роқобатҳои қаҳрамонии самбои ҷаҳон варзишгарони 50 кишвари дунё ширкат доранд, Тоҷикистонро дар сабқати мардон, дар  самбои варзишӣ ҳафт варзишгар – Акмалиддин Каримов (-58 кг), Хушқадам Хусравов (-64 кг.) Муҳаммадисо Раҷабов (-71 кг), Ҳамроз Раҷабов (-79 кг), Зафар Олимшоев (-88 кг), Фирдавс Насимов (-98 кг)  ва Хуршед Маҷидов дар вазни + 98 кило – намояндагӣ мекунанд.

Инчунин имрӯз, 12-уми ноябр, дар сабқати занон оид ба самбои варзишӣ дар вазни то 59 кило Шоҳида Қаландарова ширкат варзид. Ӯ ба рақобат аз даври 1/8-ниҳоӣ сар кард ва аз рақибаш Анда Валвои аз Руминия шикаст хӯрд.

Шаш нафари дигар – Бобохон Мирзозода (-58 кг), Сорбон Латифов (-64 кг), Саидҷони Ҳайдар (-71 кг), Табрезшо Парпишоев (-79 кг), Фаридун Одилов (-88 кг) ва Олимхоҷа Олимов (-98 кг) – дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ иштирок хоҳанд кард.

Ба барандагони медалҳои тилло дар ҳар вазн 4 000 доллари ИМА, барои медалҳои нуқра 3 000 доллари ИМА ва барои медалҳои биринҷӣ 2 000 доллари ИМА супурда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.