Шоҳҷоизаи 50-ҳазорсомонии озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”-ро ду ҳунарманди суғдӣ соҳиб шуданд

Ду ҳунарманди ҷавони вилояти Суғд дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” соҳиби шоҳҷоиза ва 50 000 сомонӣ мукофоти пулӣ шуданд. Барандагони шоҳҷоиза Гулноза Ғаффорӣ, аз деҳаи Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Ҷамолиддин Салоҳиддинхонов аз ноҳияи Спитамен мебошанд. Гулноза Ғаффорӣ дар бахши сарояндагии анъанавӣ ва Ҷамолиддин Салоҳиддинхонов дар бар бахши оҳангсозӣ соҳиби шоҳҷоиза ва 50 000 сомонӣ […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Ду ҳунарманди ҷавони вилояти Суғд дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” соҳиби шоҳҷоиза ва 50 000 сомонӣ мукофоти пулӣ шуданд. Барандагони шоҳҷоиза Гулноза Ғаффорӣ, аз деҳаи Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Ҷамолиддин Салоҳиддинхонов аз ноҳияи Спитамен мебошанд.

Гулноза Ғаффорӣ дар бахши сарояндагии анъанавӣ ва Ҷамолиддин Салоҳиддинхонов дар бар бахши оҳангсозӣ соҳиби шоҳҷоиза ва 50 000 сомонӣ муофотпулӣ шудаанд.

Ҳамчунин аз вилояти Суғд 14 нафари дигар ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро дар ин озмун касб кардаанд.

Ба иттилои Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, даври ниҳоии озмуни "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе бо ҳузури 314 нафар ҳунармандони аз 12 то 40-сола доир шуд.

Бахтовар Ғаффоров, бародари Гулноза Ғаффорӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, хоҳари 23-солаи ӯ дар ин озмун бо суруди “Ҷононай”-и ғазали Аҳмади Ҷомӣ, оҳанги Михаил Толмасов ҳунарнамоӣ карда, баранда шуд.

Гулноза дар хонаводаи ҳунарманд таваллуд шудавау ба камол расидааст.

Гулноза дар тими наврасону ҷавонони дастаи “Шашмақом”-и шаҳри Хуҷанд фаъолият мекунад ва донишҷӯйи курси 4-уми факултаи санъати Коллеҷи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд аст.

Гулноза Ғаффорова қаблан низ дар озмунҳои “Парвин”, озмунҳои байналмилалии “Муған” дар Озарбойҷон ва “Истеъдод”-и Тошканд ҳунарнамоӣ кардааст.

Ин озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ байни сарояндагону навозандагон соли сеюм аст, ки барои кашфи истеъдодҳои нав дар ҷодаи ҳунар доир мешавад. Нафароне, ки  дар даври шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ комёб шуданд, ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта буданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.